Узбакистон ба СҶМ иҷозаи мониторинги ҷамъоварии пахтаро медиҳад
Ҳайати ИМА дар гуфтугӯ бо мақомоти Узбакистон перомуни дарёфти иҷоза барои баргузории мониторинги ҷамъоварии пахта дар соли 2013 аз сӯи Созмони ҷаҳонии меҳнат (СҶМ) ба дастовард ноил шудааст. Ин нуктаро Ҷейн Б.Зиммерман, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат изҳор доштааст.
Ба қавли ӯ дар ҳафтаи гузашта ҳайати СҶМ дар Узбакистон қарор дошт: «Мо муваффақ шудем, ки Созмони ҷаҳонии меҳнат мониторинги ҷамъоварии пахтаро дар соли равон баргузор намояд».
Гуфтанист, ҳукумати Узбакистон солҳост, зимни ҷамъоварии пахта ба созмонҳои байналмилалӣ иҷозаи назоратро намедиҳад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар Узбакистон барои ҷамъоварии пунба аз меҳнати ноболиғон истифода мешавад.
Созмонҳои байналмиллалие, назири Дидбони ҳуқуқи башар борҳо аз Амрико хоста буданд, барои анҷоми як мониторинг аз ҷониби СҶМ ва созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқ «пофишорӣ» кунад.
Дар гузориши ахири Департменти давлатии ИМА ба ҳукумати Узбакистон тавсия дода шудааст, то аз истифодаи иҷбории меҳнати кӯдакону наврасон дар ҷамъоварии пахта даст бикашад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |