Тӯраҷонзода: “Дар назди хонаи ман дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд”
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, сиёсатмадор ва рӯҳонии саршиноси тоҷик, мегӯяд, мақомот дар назди манзили ӯ “камера” ё дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд, то бубинанд, ба назди ӯ кӣ меояду кӣ меравад. Оқои Тӯраҷонзода рӯзи 19-уми июл ба “Озодагон” гуфт, гузашта аз ин, маъмурони амниятӣ дар намози шом ва таровеҳ низ онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.
“Баъзе аз бародарон мегӯянд, эҳтиёт бошем. Аммо мо ҷинояткор нестем, ҳеч амали ғайриқонунӣ ҳам содир намекунем. Масҷид ҷойи фаъолияти сиёсӣ ҳам нест. Мо танҳо ибодати худро ба ҷо меорем ва ҳеч ҷойи тарс ҳам аз ин кори худ надорем”,-афзуд ӯ.
Масҷиди “Муҳаммадия”, ки мансуб ба хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо, рӯҳониёни шинохтаи кишвар аст, дигар масҷиди ҷомеъ нест. Вале дар он ҷо намози панҷвақта ва дар моҳи мубораки Рамазон намози таровеҳ гузошта мешавад. Ин масҷид дар пайи баҳси Шӯрои уламою Кумитаи дин бо бародарон Тӯраҷонзодаҳо мақоми ҷомеъро аз даст дод.
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода гуфт, таҳти назорати мақомоти амниятӣ қарор гирифтан барояш хабари нав ё сирри махфӣ нест ва ин амали мақомотро дигар ҳамчун фишори равонӣ ҳам қабул намекунанд. Вале, ба қавли ӯ, “барои анҷоми ҳамин корҳо аз буҷаи давлат маблағ ҷудо мешавад. Мақомоти амниятӣ ҳам бо пешниҳоди тамоми аснод талаб мекунанд, ки дар соли оянда боз зиёдтар маблағ ҷудо карда шавад.”
Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, эҳтимол ин табодир ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рабт дошта бошад, ки қарор аст, моҳи ноябри соли ҷорӣ баргузор гардад. Аммо оқои Тӯраҷонзода пештар гуфта буд, ки дар ин интихобот ба ҳайси номзад иштирок намекунад, вале аз ҳар номзаде, ки нерӯҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муносиб медонанд, ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |