Сергей Булавин, муовини вазири умури дохилаи Русия гуфтааст, тибқи қонун «Дар бораи кафолати иҷтимоӣ», ки ахиран райисҷумҳур Дмитрий Медведев зери он имзо гузошт, маоши кормандони пулис ва нафақа боло бурда мешавад.
Барои мисол пулис бо рутбаи лейтинант бояд на камтар аз 33 ҳазор рубл моҳона бигирад.Ба қавли Булавин, афзоиши ҳақмузди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи аз 40 ба 8-то ихтисор шудани пардохтҳои иловагӣ имконпазир шудааст. Ба ҷуз ин яке аз паҳлӯҳои асосии қонун ҳалли масоили вобаста ба манзил аст, гуфтааст муовини вазир. Шурӯъ аз 1 январи соли 2012 ҷиҳати дарёфти манзили зист барои кормандоне, ки дар мақомоти умури дохилӣ 10 сол ва аз ин бештар фаъолият кардаанд, кӯмаки махсус расонида мешавад.{jathumbnail off}
Мӯҳр