Раиси Маркази исломшиносӣ: "Имом-хатибон барои корҳои динияшон маош намегиранд"
Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон, мегӯяд, таъини моҳона барои имом-хатибон барои иҷрои вазифаҳои сирф динӣ-ибодатияшон нест.
Ӯ, ки шоми 18-уми июл дар ин бора зимни суханронии худ дар яке аз барномаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон суҳбат мекард, гуфт: “Ман ҳамин хел бардошт кардам, барои имом-хатибон маҳз ба хотири иҷрои вазифаҳои диниашон маош таъин накардаанд. Онҳо барои ин вазифашон бояд аз Худо подош гиранд, ин маош маҳз барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоиашон мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи чоруми июл ҳангоми мулоқоташ бо имом-хатибон ва аҳли ҷомеаи кишвар гуфт, бояд Кумитаи дин то соли нави 2014 имомхатибонро бо либоси ягона ва маош таъмин кунад. Ин изҳороти раисиҷумҳур бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд ва бархе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ гуфтанд, агар имом-хатибон аз буҷаи давлат маош бигиранд, пас, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ набояд аз ин ҳақ бенасиб монад.
Муродулло Давлатов дар суҳбати худ дар шабакаи аввали Тоҷикистон ба мавзӯи исломи сиёсӣ, масъулияти волидон ва амалҳои интиҳорӣ ҳам дахл карда, аз ҷумла гуфт, бояд манофеи миллию давлатӣ аз ҳар гуна манфиате муқаддам бошад. Вай ҳатто ин нуктаро зикр кард, ки ба гӯши тифлони тоҷик дар баробари хондани калимаи шаҳодат бояд калимаи миллат низ садо дода шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |