Хатлон ғаввосони наҷотдиҳанда надорад
Ахиран ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон аз ғарқ гаштани як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар дарёи Вахш хабар дод, ки дар натиҷа теъдоди ғарқшудагон дар вилоят аз ҳадди 20 нафар ҳам гузашт.
Бино бар қавли Талабшо Назаров, иҷрокунандаи вазифаи муовини сардори ситоди мазкур, ин нафар Сино Хоҷаеви 22-сола, сокини деҳаи Мирзоободи ҷамоати деҳоти Каленин мебошад. “Алҳои барои пайдо кардани Сино корҳои муайян амалӣ шуда истодаанд”,-гуфт Назаров ва афзуд, ки аз аввали сол дар вилоят 20 нафар ва дар як ҳафтаи ахир 9 нафар ғарқ шуда, ҳамагӣ фавтиданд: "Ҷасади 4 нафар пайдо нагашт. 1 нафар сарбози қисми низомии Русия аз ғарқшавӣ ҳангоми ҷустуҷӯйи ғарқшудаи дигаре наҷот дода шуд. Аз ғарқшудагон аз ҳама ҷавонаш 8-сола ва аз ҳама калонсолаш 46-сола мебошад."
Назаров мегӯяд, ки “сабаби асосии ғарқшавӣ оббозӣ кардан дар ҷойҳои манъшуда мебошад” ва ҳамзамон таъкид кард, ки ба ниҳодашон ғаввосони наҷотдиҳанда надорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |