Бахшҳо

Оҷонсӣ: Зайд Саидов аз духтари ноболиғ фарзанди семоҳа дорад

Оҷонсии зидди фасод бо пахши як иттилоия мегӯяд, 16-уми июли соли равон алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ ва ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, ба ин ниҳод ноболиғ шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки гӯиё Зайд Саидов ба номуси у таҷовуз кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, “зимни баррасии аризаи мазкур муайян карда шуд, ки Саидов З.Ш. моҳи апрели соли 2008 дар Душанбе дидаю дониста, ки шаҳрванд «А» 14-сола аст, бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нушокии мадҳушкунанда беҳуш кардаву аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода ва ба номусаш таҷовуз мекунад. Ҳамин тавр, Саидов З.Ш. аз сарватмандию дороии худ истифода намуда, ба тақдири минбаъдаи ноболиғ «А» бе эътиноии маҳз зоҳир намуда, аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода карда, бо роҳи таҳдиди зӯроварӣ, мунтазам алоқаи ҷинсӣ карданашро бо ӯ давом медиҳад. Дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Саидов З.Ш. бо шаҳрванд «А», номбурда се бор ҳомиладор мешавад. Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат шаҳрванд «А»-ро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд.”

Дар иттилоияи пахшкардаи Оҷонсӣ омадааст, “аз ин ҳолати ногувори шаҳрванд «А» модари ӯ огаҳӣ пайдо карда, бо Саидов З.Ш. вомехӯрад, ки дар натиҷа Саидов З.Ш. барои гумроҳ намудани модари шаҳрванд «А» ба модари ӯ ваъда медиҳад, ки оид ба ин воқеа ба касе хабар надиҳад ва худи Саидов З.Ш. духтари ӯро ба занӣ гирифта, шароити зиндагонияшро таъмин мекунад. Саидов З.Ш. ӯро тарсонда таҳдид менамояд, ки дар акси ҳол онҳо нисбати ӯ чора андешида наметавонанд ва худро беобрӯ месозанд.”

Масъулини Оҷонсӣ меафзоянд, “сипас, Саидов З.Ш. бо мақсади он ки кирдорҳои ғайриқонунии ӯ ошкор нагардад, моҳи августи соли 2012 шаҳрванд «Б»-ро 1300 доллари амрикоӣ дода, боз ба ӯ маблағи пулии зиёд ваъда карда, ба издивоҷ кардан бо шаҳрванд «А» моил менамояд ва ба ӯ ваъда медиҳад, дар сурати розӣ кунонидани шаҳрванд «А» ва оила барпо карданашон, барои онҳо аз ҳисоби худаш ҳавлии истиқоматӣ харида, туйи домодию арӯсии онҳоро бо дараҷаи олӣ дар беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе мегузаронад.”

Ба гуфтаи масъулини Оҷонсии зидди фасод, духтурони генеколог ба шаҳрванд “А” тавсия додаянд, ки баъди барзиёд анҷом додани исқоти ҳамл мумкин аст, ӯ безурёт шавад: “Бинобар ин, баъд аз маротибаи чорум ҳомиладор шуданаш аз Саидов З.Ш. пинҳон шуда, фарзанд таваллуд мекунад, ки ин фарзанди ӯ ҳоло семоҳа мебошад.”

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав иттиҳоми нави Оҷонсии зидди фасод дар бораи таҷовуз ба номусро рад кардааст. Дар ин бора Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи оқои Саидов, ба “Озодагон” хабар дод. Вай гуфт, Зайд Саидов дар посух ба суоли муфаттишони Оҷонсӣ гуфтааст, духтареро, ки аз болои ӯ ба иттиҳоми таҷовуз ба номус шикоят бурдааст, намедонад ва робита ҳам надоштааст.

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Қаблан мақомот алайҳи Саидов иттиҳомот ба сӯистифода аз мансаб, пора, қаллобӣ ва бисёрзанӣ пеш гузошта буданд.
Мӯҳр
рыыыы
Хайр агар хамин хел бошад хам, чиноят дар чист?

Фирдавс
Ин Зайд аз маркази "Тиббии насл" гузаронид ку?

манзура
дар бораи Зайд Саидов тухмат бас будагист. духтарон барои пул тайёранд як ришсафеди 80 соларо бигиранд. Зайд бошад як чавонмарди зебо аст.

Ислом
Бовар кун рост гуфти Фирдавс ин кора бин, ки барои мактуб кардан бар раиси чумхур як дам чанд намуди чинояд пайдо мешавад хама ба "тачовуз"
Агар маркази тибби насл дар 9 мох як тифл ба дунё орад пас акаи Зайд аз ин гузаронид фарзанди аз "А" се моха щуда бошад пас фарзанди конунии Зайд Ёсин чанд моха?

Шахрванд "А" супер организм доштааст, ки баъди 3 маротиба искоти хамл боз фарзандор шудааст !!! КОИЛ !! Наход дар муддати 4 сол модари духтар "А" аз холати фарзандаш бохабар нашуда бошад ?? Ин чи шурест ки дар даври камар мебинам....

Зафар
Вакте ба мардум маълум гардид ки масъулини болои боло худашон бо чандин нафар хофизаву барандаву шармандаву фохишахо робитаи пинхони ва ошкор дорад, бечорахо дигар рохе надоранд чуз ин ки ба мардум бигуянд ин кори хамагони аст ва хатто одамхои хубе ки шумо тасаввур мекунед ин корхоро мекунанд.

НИГОРАБОНУ ТУХМАТИ НОГАХОНИ БА ДАРАЧАЕ ГУНОХ АСТ, КИ КАБР ДИГАР РОХАШ НАМЕДИХАД..
МАГАР ХАМОН ДАВЛАТДОРОН ФАРОМУШ КАРДАНД, КИ СОЛЗОИ 97-98 ЗАНХОИ МАРДУМРО АЗ ПЕШИ ЧАШМАШОН КАСДАН БКРДА ТАЧОВУЗ МЕКАРДАНД Е ВАЙХО ШУХИ МЕКАРДАНД....

МЕБАХШЕД ЯГОН КАС ХАМИН КАЛИМАХОРО БО ЗАБОНИ РУСИ ТАРЧУМА МЕКАРД, КИХАМИН КАДОМ КУМИТА Е ВАЗОРАТ АСТ.
/ ОЧОНСИИ ЗИДДИ ФАСОД /

КОРМАНДОНИ ОЧОНСИИ ЗИДДИ ФАСОД ДАР ХАКИКАТ ШАХСОНИ ФАСОД БУДААНД.
ШУКР, КИ БО ДУХТАРИ ХАШТ СОЛА ВА БО ШАШ ИСКОТИ ХАМЛ ТУХМАТАШ НАКАРДАНД....

Бозорали
Шакли русиаш чунин аст:
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией.

САЛОМАТ БОШИ АКАИ БОЗОРАЛИ

ИН ТУХМАТИ НОГАХОНРО ДАР ХАМИН МОХИ ШАРИФ ИЧРО КАРДАНД.
ТААЧУБОВАРАШ ИН АСТ, КИ АЗ КИ ФАРМОН ГИРИФТА БОШАНД ВА ИЧРОИ ИН ФАРМОН БАРОИ САРДОРИ ОЧОНСИИ ЗИДДИ ФАСОД АЗ ХАДИСХОИ ПАЙГОМБАРИ ГИРОМИ ДИДА БОЛОТАР АСТ.

Хайрандеш
Бародарони ахли Ислом. Касе ба ман гуфта метавонад, ки фасоди моли (коррупция) бо тачовуз (изнасилование) чи рабт дорад? Билохира вазифаи ин очонс дар чист?

"Агентии зидди Тачоввуз")) шармандахо !

ХАЙРАНДЕШ БАРОИ ИН БЕСАВОДОНИ МО ЧИ ФАРК ДОРАД КОРУПСИЯ АЗ ИЗНОСИЛОВАНИ ВАЙХО ДАР ВАКТАШ ХАМААШОН ДИТОР ЗАН ВА ТАВЛАК ЗАН БУДАНД ХОЗИР БОШАД ОКИЛОН, КИ ОКИЛОНА КОР МЕКУНАНД ВА ХИРАДМАНДОН, КИ ХИРАДМАНДОНА ФИКР МЕКУНАНД ....

123
дар кадом таваллудхона ва кадом момодоя уро 3 маротиба искоти хамл кунондааст? магар инчо пизишкон хам гунахкор нестанд? падару модаре,ки гофил аз хама ин холате ки бо фарзандашон рух додааст магар гунахкор нестанд?ташхиси днк кунанд ва ин ташхис бигзор дар ягон лабораторияи хоричи гузаронида шавад.пас маълум мешавад ки тифли семахо аз кист.......

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)