Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон тасмим гирифтааст, аз оғози моҳи сентябри соли равон хатсайри нави мусофирбари «Хуҷанд-Москва»-ро ифтитоҳ кунад.
Амонуллоҳи Ҳукуматулло, райиси ин ширкати давлатӣ мегӯяд, дар арафаи ҷашни 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин иқдом амалӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин қайд гардид, ки КВД «Роҳи оҳан» корҳо дар самти сохтмони иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла, идомаи хати нави роҳи оҳани «Душанбе-Қӯрғонтеппа», театри тобистона ва чойхонаи миллӣ дар «Боғи Ирам», хонаи 3 ошёнаи фароғатӣ дар Сарбанд, хонаи 9 ошёнаи истиқоматӣ дар Душанбе ва як хонаи 2 ошёнаи фароғатӣ дар Шаҳристон барои дар арафаи ҷашни истиқлолият супоридан идома дорад.
Дар ҳамин ҳол иттилоъ дода шуд, ки аз сабаби кам шудани шумораи мусофирон бо розигии ҳукумати Тоҷикистон хатсайри «Душанбе-Конибодом» ва «Конибодом-Қӯрғонтеппа» муваққатан баста шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр