Раҳматов: Бе пардохти боҷ таҷҳизоти телевизиони форсизабононро раҳо намекунем
Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, то боҷи гумрукии таҷҳизот барои телевизиони муштараки форсизабонон пардохт нашавад, ин ниҳод иҷозати вуруди онҳоро ба Тоҷикистон нахоҳад дод.
Неъмат Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, ин талабот дар доираи қонунгузории кишвар мебошад: “Дилхоҳ моле, ки тавасути сарҳади гумрукии Тоҷикистон ворид мешавад, мавриди андозбандӣ сурат мегирад. Ба шарте агар тибқи қонунгузории Тоҷикистон аз андозу пардохтҳои гумрукӣ озод нашуда бошанд.”
Раҳматов бо такя ба он, ки воридоти таҷҳизот барои телевизион аз андозбандӣ озод нашудаанд, танҳо баъди пардохти молиёт иҷозаи вурудашонро ба Тоҷикистон хоҳанд дод.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои Эрон менависанд, "ҳафт сол аз имзои созишномаи телевизиони муштараки форсизабонон мегузарад, аммо таҷҳизоти гаронқимате, ки тавассути сафорати Эрон дар Тоҷикистон аз Олмон харидорӣ шуд, ҳамчунон пушти дарҳои гумруки Душанбе пойтахти Тоҷикистон хок мехӯрад. Таҷҳизоте, ки ба қавли бархе расонаҳо беш аз 2 миллион евро барои хариди он ҳазина шуда ва тааҷҷубовараш онки гумруки Тоҷикистон барои раҳо кардани таҷҳизоти ин тарҳи муштарак тақозои 400 ҳазор доллар пардохтҳои гумрукиро кардааст.”
Ба навиштаи “Форс”, тарҳи нопухтаи телевизиони муштараки форсизабонон, ки дар соли 2006 аз сӯи Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон матраҳ ва мавриди пазириши раисони ҷумҳури Тоҷикистону Афғонистон қарор гирифт, бо гузашти қариб 7 сол ҳамчунон хомӯш мондааст.
Бар асоси ин тарҳ қарор буд Эрон имконоти моддӣ ва Тоҷикистон фазои мавриди ниёзи онро дар ихтиёр қарор диҳад. “Форс” менависад, аз сабаби он ки мухолифатҳои арзишию-сиёсии ин кишварҳо дар тарҳи телевизион мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифта шуд, ин ташаббус ҷуз ба ҳадар додани вақту энержӣ ва муҳимтар аз ҳама буҷаву сармояи Эрон чизеро ба армуғон наовардааст.
Манбаъ мегӯяд, ниҳоят теливизиони муштараки форсизабонон аз сабаби он ки аҳдоф, имкониятҳо, хароҷот ва паҳлӯҳои дигари он, дурусту дақиқ баррасӣ нашуданд, барои Эрон ҷуз хароҷоти моливу маънавӣ дар тӯли ин солиён чизи дигаре ба бор наовардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |