Дахолати Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилиҳои “Тоҷик Эйр”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 18-уми июл, зимни ҷаласаи мушовараи ҳукумати кишвар дастур додааст, ки барои ҳалли мушкилоти молиявию иқтисодии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» чораҳо андешида шаванд.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки беҳбуди хизматрасонии ҳавоӣ, ҷалби бештари муштариён ба ширкатҳои ватанӣ ва сохтмони терминали нави фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе вусъат дода шаванд.
Ин таваҷҷуҳи раисиҷумҳур ба бахши ҳавопаймоӣ дар ҳолест, ки созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон то моҳи ноябри соли равон муҳлат додаанд, то камбудиҳои бахши ҳавопаймоиро ислоҳ созад. Созмонҳои байналмилалии ҳавонавардӣ гуфтаанд, агар санҷиш дар моҳи ноябр нишон диҳад, ки камбудҳои мавҷудаи бахши ҳавонавардӣ ислоҳ нашудаанд, ба ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон парвоз дар фазои Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои дигар мамнуъ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, низ ахиран зимни ҷаласаи машваратии ин вазорат ҳушдор дод, ки агар камбудҳои бахши ҳавопаймоии кишвар ислоҳ нагарданд, ин соҳа ба рӯйхати сиёҳи байналмилалӣ ворид мегардад. Вазир зимни ҷаласа таъкид кардааст, қариб ҳар парвози дуюм дар кишвар бо таъхир сурат мегирад. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки ҳамагӣ 54 дарсади парвозҳо дар кишвар саривақт амалӣ мегарданду боқимонда дер мемонанд.
Тибқи иттилои расмӣ аз 7 ширкати ҳавопаймии сабтиномшуда дар ҷумҳурӣ дар бозори кишвар танҳо 3 ширкат фаъолият намуда, ба таври комил аз иҷрои вазоифашон намебароянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |