Додгоҳ як узви Ҷамоати Ансоруллоҳро ба зиндон фиристод
Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини 26-солаи ноҳияи Бохтари вилояти Хатлонро барои узвият дар Ҷамоати Ансоруллоҳ, созмони мамнӯи мазҳабӣ, ба чаҳор соли зиндон маҳкум кардааст.
Нуриддин Расулов, қозии парванда, ҳангоми эълони ҳукм гуфтааст, Сайдулло Валиев барномаҳои Ҷамоати Ансоруллоҳ, як шохаи созмони Ал-Қоидаро, таблиғ мекард, ки ҳадафаш “аз роҳи зӯроварӣ сарнагунии сохти конститутсионии Тоҷикистон” аст. Ба қавли Расулов, ин сокини 26-солаи Бохтар соли 2005 ба нияти таҳсили динӣ ба Карочии Покистон рафта, соли 2007 дар Вазиристони Шимолӣ ба ҶамоатиАнсоруллоҳ мепайвандад.
“Сайдулло Валиев бо роҳбарони ин гурӯҳ, ки шаҳрвандони Тоҷикистон – Амриддин Табаров ва Қамариддин Аҳроров буданд, вохӯрӣ мекунад. Ӯ бо кумаки ашхоси алоҳида ба сафи Ҷамоати Ансоруллоҳ шомил гашта, бо пешниҳоди роҳбаронаш мақсадҳои ин гуруҳро миёни ҳамсабақонаш тарқибу ташвиқ мекунад ва бо роҳи фиреб ду нафар аз онҳоро ба ин таълимгоҳ меорад”,-афзудааст қозии парванда.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли 2012 фаъолияти пайравони Ҷамоати Ансоруллоҳ дар Тоҷикистонро мамнӯъ эълон кард. Мақомот дар оғоз гуфтанд, ки Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) раҳбари ин созмон аст, аммо баъдан номи Мулло Амриддинро ба забон оварданд. Бо ин ҳол, маълум нест, ки раҳбарии ин созмон дар Тоҷикистонро кӣ ба уҳда дорад ва қароргоҳи онҳо куҷост.
Вале ин созмон бештари муроҷиатнома ва даъватҳову навори видеоияшро тавассути торнамои "Иршод", ки дар Тоҷикистон дастнорас аст, пахш мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |