Бахшҳо
18 июл 2013 11:46Тоҷикистон / Сиёсат

Камбудӣ: Зиёиёни тоҷик ба суд бо забони русӣ муроҷиат кардаанд

Наим Мансуров, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, бо такя ба қонунгузории кишвар мегӯяд, даъвоҳо дар мавриди ҳимояи шаъну шараф ва риояи одоби касбӣ ба салоҳияти суди иқтисодӣ низ дохил мешаванд.

Мансуров, имрӯз, 18-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ, дар посух ба суоли “Озодагон” дар мавриди даъвои зиёиёни тоҷик алайҳи рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” гуфт, ин иддао ба суди иқтисодӣ тобеият дорад, аммо то куҷо асоснок аст, мо гуфта наметавонем. Раиси суди олии иқтисодӣ афзуд, ки ҳаққи дахолат ба ин даъворо надорад ва қарор дар бораи ба баррасӣ гирифтан ё нагирифтанашро танҳо судя қабул хоҳад кард. “То расидан ба марҳилаи кассатсионӣ мо аз ибрози назар дар мавриди ин даъво ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳар гуна гуфтугузорҳо худдорӣ мекунем.”

Дар ҳамин ҳол, дар номае ба идораи “Азия Плюс” додгоҳи иқтисодӣ далели ба баррасӣ нагирифтани даъвои зиёиён алайҳи Тутубалинаро дар он гуфтааст, ки аризаи даъвогӣ бо забони русӣ навишта шудааст. Ба даъвогарон барои ислоҳи ин камбудӣ то 22-юми июли соли равон муҳлат дода шудааст.

Қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
зафар курбонов
зиеи да забони модариро эхтиром намегузорад. инро зиеи мегуянд

Бо кадом ақлу фаросат номаи даъвоиро ба суди Тоҷикистон бо забони русӣ пешниҳод намудаанд? Фа фикрам, ба забондонии худ бовар накардаанд. Ин бор ҳам Тутубалина болои онҳо хандаи масхараомез мекунад: "Ана, ман нагуфта будам ки, онҳо кӣ ҳастанд? Худашон ба қадри забонашон намерасанду, боз аз дигарон талаб мекунанд!" Ба акси ӯ нигаред, аз болои ҳамаи тоҷикон хандида истодааст.
Банда ба даъвогарони ин қазия таъкид мекунам: "Агар О.Т. бар шумо дар суд пирӯз шавад, бояд ҳамаи шумо аз Тоҷикистон беному нишон нопадид гардед. Модоме бар як таҳқиркунандаи рус пирӯз шуда наметавонед, пас ҳаққи шоиру нависандаву оҳангсозу рассому журналисту ва ғайраи тоҷик будан надоред. Дасту остинро боло карда, аз ҳозир ба мубориза омода бошед. Сухан сари нангу номуси миллӣ рафта истодааст.

Изхор
Бародар чамшед рост гуфти ман тарафдори ту. Якум Мехмон Бахти равад. Дар хакикат Тутубалина ба зиёиён беехтироми кардааст. Аммо баъзеи нафарони даъвогар зиёи нестанд. Аз рузе, ки Мехмон раиси нависандахо интихоб шуд мухолифату ракобати носолими эчодкоро сар шуд. Боз худаша зиёи мегирад. Зиёи бояд фикру андешаи созанда дошта бошад, на сузанда!!

Хамин гапи Тутублин чи ахамят дорад ман хайрон. Читуре, ки ленин мефармояд: Саг мечака корвон ба рахаш мерава. Озодагон чопаш кун иктибос ай Ленин аст!

Хамин Абдиева Дилбар Хаджиевна аз овони донишчуи мешиносам бо забони точики харф зада наметонад дар дарс сигор мекашид ва аз донишчуен пул меситонд фаросати табиби надорад худашку як шармандааст боз кучо худро шарманда мекуни...

Хочи
Охир хамин Олга сад фоиз дуруст мегуяд!

saodat
е тавба аз ин корхо намедони биханди е сахт гиря куни ки то ба чи ахвол расонидаанд давлату хукуматдориро
Озодагон - нависед дар бораи ракобату корхои нохалафонае ки дар иттифоки нависандагону академияи илмхо ин зиеихо доранд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)