Баҳси парвандаи дӯстписари собиқи Фарзонаи Хуршед
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Фаррух Рӯзиев, маъруф бо лақаби “Кузя”, оғоз кардааст, ки дар гузашта ҳамчун дӯстписар ё номзади Фарзонаи Хуршед муаррифӣ мешуд.
Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, баҳси ин парванда рӯзи 16-уми июли соли ҷорӣ шурӯъ шуда, баррасияшро додрас Аҳтам Акрамов ба уҳда дорад. Манбаъ афзуд, Фаррух Рӯзиев ба куштор, авбошӣ ва ҳамзамон раҳбарии як гурӯҳи ҷиноӣ муттаҳам мешавад.
Фаррух Рӯзиев тобистони соли гузашта ба гумони қатли як сокини шаҳри Душанбе мавриди кофтукоб қарор гирифта, аз сӯи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт гардид. Вай ҳамагӣ соли 2011 бар асоси Қонуни авф аз зиндон берун омада буд.
Фаррух Рӯзиев, мулаққаб ба “Кузя”, дар соли 2009 бо иттиҳоми қаллобӣ ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон гардида буд. Фарзонаи Хуршед, ки номзади ӯ муаррифӣ мегардид, ҳамон сол талош кард, то ӯро аз мурофиаи додгоҳӣ гурезонад, ки дар натиҷа ҳарду боздошт ва худи Фарзона низ барои бештар аз ду сол зиндонӣ шуд.Дар акс: Фаррух Рӯзиев бо Фарзонаи Хуршед дар додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт. Соли 2009
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |