Тағоймуродов: “Ҷасади монанд ба Шамсиддинов нишонаҳои марги маҷбурӣ надорад”
Ҷасади монанд ба Салимбой Шамсиддинов, раиси ҷамъияти узбакҳои вилояти Хатлон, ки 15-уми март аз маҳалли зисташ ғайб зада буд, аз Амударё дар қаламрави Узбакистон пайдо шудааст.
Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати вазорати умури дохилии Хатлон ин хабарро таъйид намуда, гуфт, дар ин бора аз Узбакистон ба мо як хабарнома омада буд: “Мо аҳли байти Салимро даъват кардем, аз рӯи нишонаҳои ҷасад, либос, дандон, муйи сар онҳо гуфтанд, ки эҳтимолан ҷасади Салим аст. Гӯиё, ки дандони сеюмаш нест.”
Тағоймуродов ба такя ба иттилои пешакӣ гуфт, ҷасад бе нишонаҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст. Бо вуҷуд ӯ таъкид кард, ки айни ҳол аниқ гуфта наметавонанд, ки ҷасади дарёфтшуда Салим аст ё не: “Мо ҳуҷҷатҳои лозимаи наздиконашро дуруст мекунем, мераванд ва муайян мекунанд. Узбакистон дар ин маврид дер хабар дод.”
Шамсиддинов, ки раҳбарии ҷамъияти узбакҳои Хатлонро ба уҳда дошт, асосан бо интиқодҳои шадидаш аз ҳукумати феълӣ машҳур аст. Ӯ 15-уми марти соли равон зимни дави субҳгоҳӣ ғайб зада то ҳол бедарак аст. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ғайб задани Шамсиддиновро кори дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон арзёбӣ намуда буд.
Дар ҳамин ҳол ба қавли Анвар Тағоймуродов, аз аввали сол дар вилоят 72 нафар бе ному нишон гум шудаанд. Аз ин 47 нафар то ҳол пайдо нагардидаанд. Дар самти муайян намудани ҷасадҳои шахсияташон номаълум 21 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки ҳуввияти 4 -тоашон муайян гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |