“Мовароуннаҳр” ба сармоягузорон фоидаи ҳангуфт ваъда медиҳад

Саҳмдорони ширкати “Мовароуннаҳр” дар ҷустуҷӯи сармоягузоре ҳастанд, ки барои анҷоми сохтмони биноҳои нотамомашон 4 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи саҳмдорони ширкати “Мовароуннаҳр”, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “мо бо инвесторҳое, ки сохтмонҳоро пеш мебаранд, мулоқот доштем. Мавзӯи мулоқот ин буд, ки зиёда аз 4 миллион доллар барои сохтмони биноҳои нотамоми ширкати “Мовароуннаҳр” ҷудо карда шавад. Самроягузоре, ки ин пулро ҷудо менамояд, дар муддати 4 моҳ фоидаи калон ба даст меорад. Яъне, дар 4 моҳ фоидаи дусоларо мегирад.”
Ёров афзуд, то ҳол барои дарёфти ин маблағ, ба ширкатҳои эронӣ ва “Контбонк” муроҷиат кардаанд: “Феълан онҳо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаанд. Ҳоло муҳосибони тарафҳо ин масъаларо меомӯзанд.” Ин вакили мудофеъ таъкид кард, корҳои сохтмонии биноҳои нотамоми "Мовароуннаҳр" зиёда аз 65-75% анҷом ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, намояндагони ширкати сохтмонии “Мовароуннаҳр”-ро қабул карда, ваъда додааст, ки барои ҳалли мушкили онҳо мусоидат мекунад ва монеи фурӯши биноҳои дар гаравбудаи “Мовароуннаҳр” намешавад. Раиси “Ориёнбонк” дар муроҷиат ба намояндагони “Мовароуннаҳр” гуфтааст, “биноҳоро худатон фурӯшед. Муштарӣ ёбед ва бо кадом маблағе, ки хоҳед фурӯшед, вале пулҳои моро баргардонед.”
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд. Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |