Бахшҳо
17 июл 2013 15:11Хабарҳои ҷаҳон

Оё сиёсати Дуҳа дар даврони Амири ҷадид тағйир мекунад?

Аз вақте шайх Тамим қудратро ба ҷои падараш дар Қатар ба даст гирифт, бисёре аз нигоҳҳо ба сиёсатгузориҳои вай, ба вижа дар арсаи сиёсати хориҷӣ духта шуда, ки чаҳор парвандаи Амрико, Эрон, “Ихвон” ва Арабистон дар он аз ҳассосияти бештаре барои Дуҳа бархурдор аст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, андешкадаи таҳқиқоти стротегии минтақаии Қоҳира дар пажуҳише бо унвони “Оё сиёсати Қатар пас аз ба қудрат расидани шайх Тамим дар Қатар тағйир мекунад” талош мекунад, ба арзёбии тағйир ва таҳаввулот бар сиёсати хориҷии Қатар бо тағйири қудрат дар ин кишвар бипардозад.

Ин маркази пажуҳишӣ дар ин бора менависад: тағйири қудрат дар Қатар, ки дар канорагирии шайхТамим бин Ҳамд оли Сонӣ дар ин кишвар намуд пайдо мекунад, саволоти бисёреро дарбораи сабабҳои ин иқдом ва ба вижа бозтобҳои дохилӣ ва хориҷии ин иқдом дар андешаҳо ба вуҷуд дорад, ба вижа онки ин иқдом дар замоне руй дод, ки минтақа шоҳиди тағйир ва таҳаввулоти бисёр ҳассос ва бузурге аст.

Интиқоли қудрат дар хондони оли Сонӣ дар Қатар то кунун ба се шакли интиқоли қудрат пас аз вафоти Амир, табаддулоти сафед ва канорагирии довталабона сурат гирифта аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин пешина, бархе аз коршиносон канорагирии шайх Ҳамд дар ин марҳалаи ҳассоси замонӣ, чи дар арсаи байналмилалӣ ва чи дар арсаи минтақаӣ ва бо таваҷҷуҳ ба инки коре ихтиёрӣ ва иҷборӣ аз суи шайх Ҳамд мулоҳиза мекунанд ва ё Қатар талош мекунад, ин амрро ин гуна ҷилва диҳад.

Нигоҳе ба ангезаҳои канорагрии шайх Ҳамд аз қудрат

Амири собиқи Қатар дар суханронӣ, ки канорагирии худ аз қудрат бар ин нукта таъкид дошт, ки иқдоми вай бо ин ҳадаф сурат мегирад, ки замина ва фурсатро бар ҷавонон фароҳам кунад, то онҳо битавонанд назария ва афкори худро дар кишвар ба иҷро бигузоранд. Ба вижа онки амири ҷадиди Қатар беш аз 33 сол надорад. Ин дар ҳолест, ки рузномаи англисии Файнаншел Таймз дар гузорише таъкид кард, ки солҳои пеш ҳатто пеш аз оғози инқилобҳои бо номи баҳори арабӣ барои ин амр барномарезӣ шуда буд ва аз солҳои 2010 85% парвандаҳои кишвари Қатар дар дасти шайх Тамим буд.

Дар ин миён бархе таҳлилҳо дар барраси ангезаҳои шайх Ҳамд аз қудрат, ба самти беморӣ ва вазъияти ҷисмонии номуносби шайх Ҳамд ҳаракат пайдо карда ва бархе дигар аз фишорҳо ва эъмоли нуфузи *шайхи Муза*, ҳамсари сеюми амири Қатар сухан гуфтанд. Шумори дигаре аз таҳлилгарон низ бим ва ҳароси шайх Ҳамд аз қудрат ёфтани беш аз пеши шайх Ҳамд бин Ҷосим, нахуствазир ва вазири хориҷаашро, ки муҳимтарин бозигари арсаи сиёсати хориҷӣ ва сиёсати иқтисодӣ ва сармоягузориҳои хориҷии Қатар тай солҳои гузашта буд омили ин нақлу интиқол дар қудрати хондони оли Сонӣ донистанд.

Бар асоси қонуни асосии Қатар валиаҳд аз миёни яке аз фарзандони Амири ҳоким интихоб мешавад ва дар бораи сабабҳои интихоби Амир Тамим, ки аз ҳайси тартибӣ чоҳорумин фарзанди марди шайх Ҳамд дар миёни се ҳамсараш ба шумор меояд, бисёре аз таҳлилҳо бар нуфузи бисёри шайх Музе дар ин интихобот таъкид доштанд, чаро ки Тамим фарзанди аршади Музе ба шумор меояд. Аз суи дигар гуфта шуда, ки фаъолиятҳои сиёсии густарда ва васеи шайх Тамим ба хусус пас аз инки интиқоли қудрат дар ин кишвар ба амре қатъӣ табдил шуд ва наздик будани вай ба марокизи тасмимгирӣ дар кишвар дар даст доштани парвандаи қазоё ва масоили муҳҳимӣ кишвари чи дар арсаи дохили ва чи дар арсаи хориҷи монанди артиш ва амният ва рушду тавсиъаи иқтисодӣ, ҳама боис шуданд то заминаи ба қудрат расидани вай дар Қатар фароҳам шавад.

Амир Тамим ва ислоҳоти дохилӣ

Бо руй кори омадани шайх Тамим ба қудрат, саволоти бисёре дарбораи сиёсатҳое ки вай аз ин пас дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ дар ин кишвар гирифта хоҳад шуд, матраҳ гардид ки талош мешавад дар идома ба ҳар як аз онҳо пардохта шавад.

Дар сатҳи иқтисодӣ

Дар сатҳи иқтисодӣ ба назар намерасад, ки шайх Тамим бо мушкилоти қобили таваҷҷуҳе ру ба ру бошад, ба вижа пас аз ҷаҳиши иқтисодии бузурге, ки тай соли гузашта ин кишвар шоҳиди он буда ва сабаб шуда то даромади саронаи ҳар фард ба болотарин сатҳи он дар ҷаҳон, яъне сад ҳазор доллар бирасад ва ин боис шуда, то сармоягузориҳои иқтисодии ин кишвар ба 192 милиард доллар бирасад. Ба ҳамин далел интизор намеравад, ки тағйироти решаиро дар сиёсатҳои рушди иқтисодии ин кишвар шоҳид бошем.

Дар сатҳи дохилӣ

Аммо ончи дар арсаи дохилӣ дар замони ҳокимияти шайх Тамими ҷадид ба назар мерасад, иқдоми вай ба бардоштани гомҳои муассир дар арсаи ислоҳоти сиёсӣ аст, ки Қатар аз набуди он ба шиддат ранҷ мебарад. Муҳимтарин муваффақиятҳое, кидар замони шайх Ҳамд, амири собиқи Қатар ба он даст ёфта, дар ҳавзаи иқтисод ва хадамоти ва омузиш буд.

Ба ҳамин далел аз эҳтимол дур нест, ки шайх Тамим даст ба иқдомоте дар ҳавзаи ислоҳоти сиёсӣ, монанди баргузории интихоботи порлумонӣ, бизанад, ки падараш ваъдаи баргузори онро авохири соли 2013 дода буд. Ҳамчунин интизор меравад, ки гомҳое дар роҳи эҷоди муассисоти ҷомиъаи маданӣ бизанад, ки тақрибан дар Қатар ному нишоне аз онҳоро наметавон ёфт.

Дар ин байн агар шайх Тамим даст ба чунин иқдомоте бизанад, ин гомҳо вайро дар тасбити пояҳои ҳукумати ҷадидаш ва руёруӣ бо бархе интиқодоте, кумак мекунад.

Гароишоти сиёсати хориҷӣ

Аз ҷумла саволоти муҳҳиме, ки пас аз расидани шайх Тамим ба қудрат дар Қатар худро матраҳ мекунад, сиёсатгузориҳои вай дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалии ӯ дар марҳилаи оянда аст, ба вижа онки дар солҳои гузашта Қатар талош кард то дар ин ду арса, бисёр бузургтар аз ончи ҳаст, худро ншон диҳад ва на танҳо дар ҳавзаи Халиҷи Форс, балки дар арсаи Ховари Миёна миёни арабҳо ҳарфи аввалро бизанад.

Саволе, ки дар инҷо худро матраҳ мекунад, ин аст ки оё амири ҷадиди Қатар идома диҳандаи роҳи падари худ хоҳад буд? Ё инки дидгоҳи хоси худро дар муносибат бо парвандаҳо ва қазияҳои сиёсати хориҷӣ дунбол хоҳад кард?
Додаҳо ва иттилооти аввалияе, ки ба даст омада ба ин нукта ишора мекунад, ки эҳтимоли бисёре вуҷуд дорад, ки шайх Тамим сиёсат падари худ дар арсаи сиёсати хориҷиро дунбол кунад, чун вай дар амал солҳост, ки дар ин арса ҳузур ва фаъолият дошта ва ҳар сол бар нақши он афзуда ва ин нақш пуррангтар мешуда аст. Ҳамчунин вай яке аз таъйинкунандагони сиёсати хориҷи давлати Қатар дар солҳои ахир буда аст.

Беҳтарин далели ин муддао аввалин суханронии ӯ пас аз ба даст гирифтани қудрат дар рузи чаҳоршанбе 26 июн 2013 буд, ки дар он ҳеч гуна нукати ҷадиде дар бораи сиёсати хориҷии Қатар намешуд ёфт. Ба ҳамин далел ҳад диақал дар аввалин марҳилаи зимомдорӣ ва ҳукумати шайх Тамим интизор намеравад, ки тағйироти қобили таваҷҷуҳе дар масъалаҳои сиёсии Қатар мулоҳиза кард.

Пас аз хуруҷи шайх Ҳамд аз арсаи сиёсии Қатар, тасмимгирандагони ин арса се нафар хоҳанд буд, яъне: шайх Тамим, амири ҷадиди Қатар ва шайх Музе, модари амир ва шайх Ҳамд, падари амир ва интизор намеравад, ки шайх Тамим дар арсаи сиёсати хориҷӣ тасмимоти бузург ва ҳасосе бидуни муроҷиъа ва машварат бо падараш бигирад. Ин ба ин маъност, ки вай ба унвои ҳокими як кишвар таҳти назари падараш амал ва корҳоро идора хоҳад кард ва чи басо ба мурури замон шахсияти воқеии вай дар муносибат бо масоли сиёсии хориҷӣ ошкор шавад.

Дар инҷо метавон гуфт, шайх Тамим дар арсаи сиёсати хориҷӣ бо чаҳор парвандаи аслӣ рудару аст, ки бояд бо онҳо таомул дошта бошад ва ҳама ба як тарзе бо нуфуз ва нақши минтақаии баҳсбарангези Қатар дар иртибот ҳастанд ва метавон онҳоро дар мавориди робита бо Амико, робита бо гуруҳҳои сиёсии исломгаро ва ба таври мушаххас “Ихвонулмуслимин” , робита бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс аз ҷумла Арабистони саъудӣ ва робита бо Эрон ва мавзеъи ин кишвар дар қиболи буҳрони Сурия, мулоҳиза кард.

Робита бо Амрико

Дарбораи робита Қатар б Амрико бояд гуфт, ки ба назар намерасад Қатар давраи шайх Тамим тағйире да сиёсатҳои худ дар қиболи Амрико анҷом диҳад, балки баръакс Дуҳа беш аз пеш аз Вашинтгон ба унвони яке аз усул аз пояҳои тағйирнопазири сиёсати хориҷии худ, ҳимоят ба амал меоварад ва ҳатто расонаҳо дар ин авохир аз тавофуқе миёни Амрико ва Қатар парда бардоштанд, ки бар асоси он ҳокимони Қатар дар тамоми умур ва масоили мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар, сиёсатҳои худро бо давлати Амрико ҳамоҳанг ва мутобиқ кунанд.

Робита бо ҷамоъати “Ихвонулмуслимин”

Аммо дар хусуси робитаи шайх Тамим бо ҷамояти “Ихвонулмуслимин” пешбиниҳои аввалия нишон медод, ки ин робита ба тарзи собиқ идома меёфт ва ҳатто дар давраи ҳокимияти Тамим ба авҷи худ мерасид. Ба вижа онки Қатар талош дорад аз ду кишвари Миср ва Тунис ҳимояти молӣ ба амал оварад ва сармоягузориҳои худ дар ин ду кишварро афзойш диҳад ва ин сарфи назар аз ҳимояти номаҳдуди ин кишвар дар бархе аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос ва бахше аз пайкараи ин ҷунбиш аст ба тарзе, ки нақши муҳимме дар тағйири мавзеъи ин ҷунбиш дар қиболи низоми Сурия дошт, ки солҳо ин ҷунбишро дар оғуш гирифта буд.

Робита бо кишварҳои шурои ҳамкории Халиҷи Форс

Дарбораи робита шайх Тамим бо кишварҳои шурои ҳамкории Халиҷи Форс ва ба таври мушаххас Арабистони Саъудӣ, бояд гуфт, ки интизор меравад шайх Тамим ба беҳбуди ин равобит бипардозад, ба вижа пас аз нақши бисёр муҳиме, ки дар беҳбуди равобити ин ду кишвар ҳангоме, ки риёсати шурои олии қатарӣ-саъудӣ дар соли 2008ро бар уҳда дошт, иҷро кард ва муваффақ шуд, нақшаи ҷадиде аз равобити ду ҷониба байни Дуҳа-Риёзро шакл диҳад.

Робита бо Эрон

Аммо дар хусуси робита бо Эрон бо вуҷуде, ки робитаи ду кишвари Эрон ва Қатар дар солҳои ахир ва ба хотири буҳрони Сурия шоҳиди таниш ва сардии равобит, ба хотири мавзеъгирии Дуҳа Теҳрон, ҳатто агар ба шакли зоҳирӣ ҳам бошад ҳифз кунад, аммо ба ҳеч вачҳ интизор намеравад, ки вай даст ба иқдомоте бизанад, ки бар сардии ин равобит бияфзояд.

Хулосаи сухан ин ки ба назар мерасад, монанди тамоми низомҳо ва ҳукуматҳои меросӣ, ки писар миросдори падар аст, интизор намерафт, ки шайх Тамим тағйири чандоне дар сиёсатҳои пешини ин кишвар ба вуҷуд овард. Аммо бояд эътироф кард, ки ин наҳваи интиқоли қудрат метавонад, чолиши бузурге барои кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, монанди Арабистон саъудӣ эҷод кунад, ба вижа агар Тамим дар ин роҳ даст ба ислоҳоти сиёсии қобили таваҷҷуҳ ва бузург дар Қатар бизанад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)