Зарифӣ дар бораи интихоботи президентӣ, пойгоҳи 201 ва Додоҷон
Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти хабарии 17-уми июл дар Душанбе гуфт, президент шудан дониш ва тавоноии бештар мехоҳад, ки чунин қобилиятро надорад. Вай бо ин ҳарфҳои худ иштирокаш ба ҳайси номзад дар интихоботи президентии Тоҷикистонро рад кард.
Бо ин ҳол, оқои Зарифӣ гуфт, бовар дорад, ки интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон орому шаффоф баргузор ва нафари арзанда интихоб хоҳад шуд.
Ҳамроҳхон Зарифӣ дар ин нишасти хабарӣ инчунин ба масъалаи муносибатҳои Тоҷикистону Русия низ дахл кард ва гуфт, Душанбе ҳатман қарордод дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201-и Русияро тасвиб мекунад. “Мо ҳамаи аснодро омода кунем, созишнома ба тасвиб мерасад. Сарусадоҳо фантазияи баъзе аз соҳибназарон аст. Бояд бигӯям, ки корҳо барои омода кардани санадҳои лозимӣ идома дорад. Умедворам, ба тасвиб мерасад”,-афзуд ӯ.
Дар аввали моҳи майи соли ҷорӣ Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зери қонун дар мавриди шароити будубоши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави Тоҷикистон имзо гузошт. Ин созишнома моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардида буд. Пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон аз соли 1993 то кунун ҳузур дошта, баъд аз тасвиби ин созишнома аз тарафи ҷонибҳо 30 соли дигар боқӣ хоҳад монд.
Оқои Зарифӣ дар идома гуфт, ҳоло дар муносибати Душанбеву Маскав ҳеч мушкиле вуҷуд надорад ва изҳори назарҳо дар ин бора андешаи шахсиятҳои алоҳида дар Душанбеву Маскав асту халос. “Дар сатҳи давлатӣ мо мушкилот надорем”,-гуфт ӯ.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар бораи барномаҳои Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор” дар телевизони “К+” низ изҳори назар кард ва гуфт, “мо ягон кишварро айбдор карданӣ нестем, ки бо ҷаноби Атовуллоҳ хамкорӣ мекунад. Он фактҳои Додоҷон асос надорад. Он ҳама андешаҳои барғалати ӯст. Фикр мекунам, аз он алфози қабеҳи ӯ дар нисбати Точикистон мардуми кишвар хулосаи худро мебароранд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |