Интиқоди Бобоҷонов аз интизоми таксистҳои Хатлон
Хайриддин Бобоҷонов, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, аз интизоми ронандаҳои нақлиёти таксӣ дар Хатлон интиқод намуда, онро муъҷиби нороҳатии мусофирон, садамаҳо ва ворид нашудани маблағ ба буҷа арзёбӣ намуд.
Номбурда зимни нишасти матбуотӣ ба сифати далели беинтизомии таксистҳо дар вилоят гуфт, “нишони таксӣ надоранд ва ҳамзамон сигор дар даҳон, телефон дар даст, мусиқӣ баланд, мошинро аз рӯйи суръати 100 меронанд. Аҳамият намедиҳанд, ки ин ба мусофирон мефорад ё не. Барои даъвати мусофирон ба саворшавӣ бо садои баланд бонг мезананд ва баъзан барои муштарӣ шуда бо якдигар хархаша низ мекунанд.”
Бобоҷонов афзуд, ки барои барҳам задани ин ҳама бояд ҳар як ронандаи таксӣ зери назорат бошад ва андозҳои ҳатмиро пардохт намояд. Аммо ба қавли ӯ ронандаҳо намехоҳанд иҷозатнома (литсензия) гиранд, ҳол он ки он арзон аст: “Дар як сол ҳар як ронандаи таксӣ бояд 240 сомонӣ пардохт намояд. Фақат дар шаҳри Қӯрғонтеппа 80 фоизи таксиҳо литсензия надоранд. Ва ҳисоб кардем, дар шаҳри Қӯрғонтеппа 200 воситаи нақлиёти таксӣ гардиш мехӯрад. Агар пардохт кунанд, мо метавонем барои эҳтиёҷоти соҳа, онро равона кунем.”
Хадамоти назорат дар бахши нақлиёт мегӯяд, қисми зиёди садамаҳо аз бетартибиву бенизомии ронандаҳо сар мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |