Президент бо ордени “Барои баҳодурӣ” сарфароз шуд
Нурсултон Назарбоев, райиси ҷумҳури Қазоқистон бо ордени "Барои баҳодурӣ" қадр шудааст. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, тасмими ба президенти Қазоқистон додани нишонро Кумитаи байналмилалии машваратӣ дар ҳамоиши "Миссияи сулҳ ва дустӣ" дар шаҳри Остона гирифтааст.
"Имрӯз хело хушҳолам, ки тасмими кумитаамонро ҷиҳати тақдими нахустин ордени “Барои баҳодурӣ” ба президент Нурсултон Назарбоев эълон мекунам", -изҳор доштааст Александр Каншин, раҳбари кумитаи мазкур.
Ба қавли ӯ "соле қабл дар ҷаласаи Вена мо тасмим гирифтем, ки ҷоизаи олии кумитаи хеш –ордени “Барои баҳодурӣ”-ро таъсис диҳем. Ин орден ба раҳбарони кишварҳое тақдим мешавад, ки ба созмонҳои ветеранӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар рушди ҳаракатҳои ветеранӣ саҳм гузошта, ба неруҳои мусаллаҳ, ҷавонон, оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ кӯмаки худро дареғ намедоранд. Ҳамчунин мо фикр мекунем, бо ин ҷоиза собиқадорон, иштирокчиёни низоъҳои мусаллаҳона ва онҳоеро ки барои ҳифзи сулҳ дар замин хуни худро рехтаанд, сарфароз намоем”.
Иқдоми “Миссияи сулҳ ва дӯстӣ” бо ташаббуси Иттиҳодияи ҷамиятии “Собиқадорони неруҳои мусаллаҳ”-и Қазоқистон оғоз шуда, то 17-уми июл идома мекунад. Иштирокдлорони он масоили таъмини сулҳу амният ва тарғиби ватандӯстӣ миёни ҷавононро баҳс мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |