Бахшҳо

Номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон: Гуноҳи ман ҳамин аст, ки...

Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ба қазияи ӯ расидагӣ кунад.

Вай дар номаи чаҳорсаҳифагии худ гуфтааст, вазъи саломатияш хуб нест ва мехоҳад озод шавад ва ё зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул гардад. Оқои Саидов дар ин номаи худ ҳадаф аз таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро ҳам баён дошта гуфтааст, қабл аз амалӣ намудани нияташ мақомоти Кумитаи амнияти миллиро огоҳ карда буд. Вай афзудааст, вақте дар Фаронса буду нофаҳмиҳо аз сӯи мақомот зиёд шуд, ният дошт ба ватан баргардаду фаъолияти таъсиси Тоҷикистони навро боздорад.

"Фикри бо ягон ҳизби сиёсӣ ҳам муттаҳидшавӣ надоштем, ки дар ин бора борҳо иброз доштем",-илова кардааст ӯ.

“Озодагон” матни комили ин номаро дастрас кард ва онро дар ихтиёри Шумо мегузорад:

“Ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз номи гумонбар Саидов З.Ш.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ба иттилои Шумо мерасонам, ки аз нахустин рӯзҳои вохӯрии намояндагони ҳукумат ва мухолифин ба ҳайси аъзои расмии ҳайати музокирот, сонӣ ба ҳайси аъзои ҳукумат ва баъдан ба ҳайси соҳибкор дар роҳи сулҳу ваҳдат, рушди иқтисодӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ содиқона хизмат кардам. Шумо имкониятҳои молиявии бандаро дониста борҳо таъкид намудед, ки тавони молиявии худро аз хориҷ ба кишвари худамон оварда, барои рушду нумӯи он равона намоед. Ин дастури Шуморо ба хотири ободии Ватан то қадре ки имкон доштам, анҷом додам. Мисоли он фаъолияти чанде аз корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, биноҳои хизматрасонӣ, сохтусози замонавӣ дар кишваре, ки сарвараш Шумоед.

Ҳеч гоҳ дар гӯшаи хотирам худхоҳӣ ва рӯ овардан ба сиёсат набуд. Фаъолияти соҳибкориям на ба истилоҳ тиҷорати “равғанӣ”, балки ба фаъолиятҳои пурмашаққати шабонарӯзӣ буд. Ҳамон қисм корхона ва биноҳое, ки ба моликияти банда мансуб дониста мешавад, аксарашон аз 5 то 49% ба саҳмияи банда ва наздиконам тааллуқ дошта, қисми зиёди саҳмияи онҳо ба саҳмигузорҳои хориҷӣ тааллуқ доранд. Фаъолияти хоксоронаам борҳо аз ҷониби Шумо мусбат арзёбӣ шуда, ба ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва чанд унвонҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонда шудааст. Ҳатто дар як ҷаласаи ҳукумат Шумо таъкид намудед, ки Саидов З.Ш. беш аз 10-15 миллион доллари амрикоии худро аз хориҷа оварда, барои рушди иқтисод сармоягузорӣ намуда истодааст. Оид ба дастгириҳоям нисбат ба сохтмони «Роғун» ва дигар чорабиниҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири риё нашуданаш номбар намекунам.

Муҳтарам президент!

Солҳои охир дар фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ мушкилоти зиёде буду ҳаст, ки бисёр мехостам ба Шумо онҳоро расонам, аммо муваффақ нагаштам. Аз минбари ташкилоти ҷамъиятии соҳибкорӣ низ ба пешниҳодҳои мо аз ҷониби мақомоти дахлдор диққати лозимӣ дода нашуд. Мисоли равшани гуфтаҳо таҳия ва қабули кодекси амалкунанда мебошад ва ғайра.

Мақсади асосии ташкили ҳизб маҳз таҳия ва пешниҳоди барномаи иқтисодӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии мардум ва ғайраҳо иборат буд. Саривақт ҳал нагаштани масоили иқтисодӣ натанҳо мушкилиҳои мо соҳибкорон, балки зиёд гаштани он ба ҳукумати ҷумҳурӣ низ гардад. Ин ташаббус на аз «фарбеҳгӣ», ҳамчуноне ки баъзеҳо мехоҳанд маънидод намоянд, балки рӯз аз рӯз ба муфлисшавӣ мувоҷеҳ гаштани фаъолиятҳои наздикон ва қисми соҳибкорон гардида буд. Барои мисол, шаш корхонаи истеҳсолие, ки аъзои ассосиатсияи мо буданд ва метавонистанд дар онҳо ҳазорон шаҳрвандон кор кунанд, аз фаъолият бозмонданд, ки онҳо дар даҳ соли охир бунёд ёфта буданд. Дар ин солҳо мехостам ба хориҷа равам, аммо ҳар дафъа манро як савол ором намегузошт, ки кишвари худамон ба садҳо чун ман ниёз дорад, чаро тавоноии худро барои ободии кишвари дигар равона намоям? Мақсади мухолиф будан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва ё каси дигареро надоштам. Дар ҳеч суҳбатамон дар бораи мухолифат нагуфтем, баръакс табиатан мухолиф ба ҷудоиандозӣ, тундгароӣ ва ҳар гунна нооромӣ мебошам. Оромию осудагӣ, тартибу низом ва амният орзуи доимии банда аст.

Ин мақсадҳои худро 20 рӯз қабл аз эълони таъсиси ҳизб ба намояндаи баландмақоми КДАМ баррасӣ намудам, ки мавқеи худро маълум намояд, аммо бо гузашти беш аз 20 рӯз мавқеи худро ба мо нагуфтанд. Онро аломати ризо гумон карда аз иқдоми худ хабар додем. Баъд аз он аз мо талаб шуд, ки фаъолиятатонро қатъ намоед. Аъзои гуруҳ бо аҳде, ки бо такя ба қонун ва ҳуқуқҳои конститутсионии худ карда будем ва ғаразамон ободии кишвар ва кӯмак ба ҳукумати ҷумҳурӣ буд. Дар он рӯзҳо такя ба иродаи шаҳрвандиямон доштем. Фикрамон он буд, ки миллати беирода ва истиқлолият наметавонад ба Ватан ва роҳбари давлат хизмат намояд. Танҳо гуноҳи банда ҳамин аст, ки қурбони шахсони манфиатҷӯ, дурӯя ва хушомадгӯ гаштаам. Ба фаъолияти сиёсии касе ё ҳизбе як сомонӣ кумак накардаам ва аз касе ҳам як сомонӣ кумак нагирифтаам. Фикри бо ягон ҳизби сиёсӣ ҳам муттаҳидшавӣ надоштем, ки дар ин бора борҳо иброз доштем.

Аз сабаби он ки аз ҷониби мақомот нофаҳмиҳо зиёд шуд, ҳанӯз дар Фаронса буданам тасмим гирифтам, ки баробари бозгашт аввалин коре, ки мекунам дар Душанбе боздошти фаъолияти таъсиси ҳизб буд. Ин нуктаро аз Олмон ба ҳамроҳии раиси Душанбегии КДАМ ба раиси КДАМ иброз дошта будем. Рӯзҳое ки дар хориҷ будам ва иттиҳомоте, ки нисбати банда эълон шуда буд аз бисёр кишварҳо зангам мезаданд ва огоҳ мекарданд, ки ӯро ҳабс мекунанд. Аммо пеш аз ҳама ба хотири дар хориҷ мондан ва ҳамчун мухолифи ҳукумат қарор нагирифтан ба Ватан баргаштам. Маро аз назди ҳавопаймо ҳабс карданд. Муҳтарам Президент! Аз сабаби он ки иттиҳомоти эълоншуда нисбати банда сирри тафтишотӣ аст, аз ҷузъиёти он чизе гуфта наметавонам. Фақат ҳаминро мегӯям, ки дар муддати ҳашт соле, ки аз он гӯё ҷиноят гузаштааст, барои даъвогарон шахси боэҳтиром ва тоза аз ҳар гуна фасод номбар мешудам ва ҳама он туҳматномае беш нест, ки ба парвандаи банда ҳеч часпоиш надорад. Ва як даъвогарашро умуман бори аввал мебинам. Аз ҳама муҳимаш банда ҳеч гоҳ ба чунин аблаҳӣ ва фасодкорӣ даст назадаам.

Бо баргузории мурофиаи судӣ ва ошкор шудани ҳамаи паҳлӯҳои ин иттиҳомот бевосита ба обрӯи давлатамон, ки даъвои ҳуқуқбунёдӣ мекунад латма ворид мекунад. Ин сатрҳоро дар ҳолати дарди шадиди меъда дар зиндон менависам, то ба ин лаҳза қариб ду моҳ интизор шудам, ки мақомоти дахлдор ҳамаи паҳлӯи фаъолият, ҳаракатҳои худ ва наздиконамро омӯхта ба Шумо умед дорам маълумоти объективӣ дастрас мегардад. Боварӣ дорам, ки он ҳам ғайр аз ростӣ ва фикри ободии ин ватан чизи дигар набошад. Мутаассифона, муносибате, ки ба банда дар ин муддат раво дида шудааст, шояд нисбат ба ягон касоне, ки ба хиёнати Ватан даст мезананд, набошад. Аз вохӯрӣ бо ҳимоятгар дар ин муддат маҳрумам. Онҳоро баъзан баъди ҳафтаҳо бо муфаттишон мебинаму халос. Наздикони худро ба ғайр аз кӯдакони хурдиям, ҳамонам бошад рӯзҳои дигар маҳрумам. Аз шунидани радио дар давоми 53 рӯз маҳрум будам, аз ташхиси духтурони касбӣ, ки вазъи саломатиям хеле бад аст, маҳрумам.

Вобаста ба гуфтаҳои боло аз Шумо хоҳиш менамоям, ки саломатии бандаро ба назар гирифта, ба қазияи банда дахл намоед, то ки маро озод намоянд ё бо надодани иҷозати берун рафтан зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул шавам.

Бо эҳтиром, Саидов З.Ш."
Мӯҳр
Зафар
Охир ин кадар кудрату тавоно дошти кучо хамин хизби нодаркорро эълон карди? ва худата ба зиндон чой кардиву ,акнун ба зораву нола даромадаи чаноби З.Саидов.

Дарбадар
Зафар,
чаноби Зафар дар кучои ин нома Шумо зораву нола-ро мебинед? президент хамчун тазмин кунандаи конун мукалаф аст дар чунин вазъ кумак кунад, харчанд шояд худи Зайд Саид медонад ки ин гирифторихо бо фармони чи касе шудааст...

Зафар,
Зафар,
Хизб даркор аст! Хизбхои оппозиционни хеле заруранд барои пешрафти чомеа! Мо дар давлати подшохии замони феодали зиндаги намекунем дигар....

dilovar
хуб сода будаи акаи зайд ,он касе ки шумо аз у дахолати ба казияатон шудаед фаромуш накунед ки ба зиндон даромадани шумо махз бо "ок"-и уст!

Рашт
Дар ин мохи бузург мебарои.@@@бародар инсоф дори ин суханхои ночоро менависи

Точик
Чаноби Зайд Саидов! Аз ки ердам мепурси? Хама кор бо супориши хамин одам аст, худат нагз медони, чаро боз худатро хор карда илтичо мекуни? Агар иродаи мустахкам, сабру тахаммул ба азоби зиндон надошти чаро ба кори сиеси даст зади? Инчо Аврупо Русия е ягон кишвари озоду демократи нест. Инчо Точикистони диктатури, авторитари ва феодали аст. Мард бош ва сабр кун. Нелсон Манделло 27 соли зиндонро тахаммулу сабр карда билохара озод шуда Президенти Африкои Чануби интихоб шуд. Тамоми миллаташ ва хатто миллионхо миллатхои дуне уро ба хотири истодагариаш, сабру тахаммулаш, пойдор мондан ба ормонхояш дусташ медоранд, хурматаш мекунанд, дар бемориаш барояш дуо мекунанд.

Tojik
Зайд саид
бо эхтиром ба хидматхои шумо барои ин милату ватан
шумо харкадареки кумаки иктисоди намудаед барои ин миллати точик хеч аст дар баробари ин чанд мудати пушти панчара астед , чунки бо ин оузхо и сахт шумо симои сиосати кишваро ба мардуми мимбаъд хидмат кун ба мин мидат нишондодет ки дигар бовари намешавад кард
аз ин баъ чавонмардони иктисодон ва корчалони точик аз кишвар мебароянд
ман бовар надорам ки шумо озодиро дигар бубинед .
аммо дар хотиротти милат мемонед

Изхор
Чаноби Оли!! Илтимос Лутф кунед. Ба гапи хар кас гуш накунед. Агар шумо хамин З. Саида озод кунед (хама уро бегунох мегуянд) иншооллох ватанамон аз ин дида ободу зебо мегардад.

Muhtaram janobi oli khudo dar dilaton yak garmira darorad darin m ohi sharifi RAMAZON hamin barodarro javob dihed pod podpiska na viezda, az shumo tamomi tojikiston minatdor meshavan bo ehtirom yak shahrvadi TOJIKISTNONI MAHBUB YAK BORI DIGAR KHOHISH MEKUNAM AZ SHUMO...

charo komentariyai maro naguzoshted??????

Ман аз хами кормандони точокистон хохиш дорам ки делаи зайд саидовро аз сари 5ав дида бароян илтимо мекунамЗафар,
Зафар,


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)