Теъдоди муҳоҷирон ба 214 миллион нафар расидааст

Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши шумораи муҳоҷирон дар дунё хабар дода, аз пайомадҳои нохуби он ҳушдор додааст.
Вук Яремич, раиси иҷлоси 67-уми Маҷмаи умумии СММ зимни баҳси ғайрирасмие оид ба афзоиши муҳоҷирати байналмилалӣ, гуфтааст: “Афзоиши раванди муҳоҷирати атбои кишварҳои фақир ба давлатҳои дорои шароитҳои муносиб, мунҷар ба миён омадани кишварҳое мешавад, ки аз захираҳои ҳатмии инсонӣ маҳрум мебошанд.”
Вук Яремич мегӯяд, дар даҳ соли ахир шумораи муҳоҷирон аз 150 миллион ба 214 миллион нафар расидааст. Ба гуфтаи ӯ, шумораи афроде, ки дунболи пайдо намудани як ҳаёти беҳтар дар хориҷ аз кишвари худ ҳастанд, афзоиш хоҳад ёфт: “Ин ҷараён ба рушду пешрафти кишварҳои мизбон кӯмак намуда, мунҷар ба фирори мағзҳо низ хоҳад шуд.”
Раиси Иҷлоси 67-уми Маҷмаи умумии СММ таъкид намудааст, ки агар ин раванд идома ёбад, муҳоҷират мумкин аст, ба афзоиши нобаробарӣ миёни кишварҳо анҷомад. Яремич аз он ибрози таассуф кардааст, ки то кунун механизми байналмилалие вуҷуд надорад, ки бар асоси он раванди муҳоҷиратро ба танзим даровард: “Дар ин бобат ҳеч дастурамали ҷаҳоние дида намешавад. Бо вуҷуди он, ки муҳоҷират як падидаи доимӣ дар таърихи башарият мебошад.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |