Дар ноҳияи Балҷувон 53-километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дошта мавҷуд аст, аммо барои таъмиру тармими ин ҷодаҳо аз аввали сол то имрӯз ягон дирам ҷудо нашудааст.
Фотеҳ Аминов, раиси ноҳия сабаби аслии онро дар набудани маблағ дар буҷаи маҳалли унвон кард. Ба гуфтаи ў, дар ҳоли ҳозир ноҳия 65-фисад дар дотатсия, ё худ мабалғгузории ҳукумати марказӣ қарор дорад. «Нақшаи ҷамъоварии андоз дар нимаи аввали сол дар ҳамаи ноҳия, тибқи нақшаи пешбинишуда аз ҳисоби ташкилоту корхона ва хоҷагиҳо 1-миллиону 027268-сомонӣ буд. Иҷроиш бошад 1-миллиону 038175-сомониро ташкил намуд. Каме бештар аз 10-ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷаи маҳаллӣ ворид гардид, ки барои тақсим ба соҳаҳои гуногун бениҳоят кам мебошад. Аз ҳамин хотир, мо наметавонем барои таъмири роҳҳо маблағе ҷудо намоем», мегўяд Аминов.
Дар ҳамин ҳол, роҳҳои нақлиётгард дар ин ноҳия вайрону валангор гаштан доранд. Сар аз сарҳади ноҳия, аз ҷамоати «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик то маркази ноҳия ва дигар берун аз ноҳия роҳҳо ҳамагӣ вайрону мӯҳтоҷи таъмиранд. Ба ин вазъ оё метавонад, Балҷувон мавзеи туризми байнулмилалӣ ва ҷаҳонгардӣ бошад? Суолест дар интизори ҷавоби масъулин. {jathumbnail off}
Мӯҳр