Гуфтугӯи видеоӣ бо Додоҷони Атовуллоҳ

Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, дар як гуфтугӯ бо “Озодагон” ҷузъиёти боздошташ дар фурудгоҳи Шереметевои Маскавро шарҳ дод. Оқои Атовуллоҳ рӯзи 15-уми июл ҳангоми бозгашт аз Прага дар Маскав барои чанд соат боздошт ва дубора ба маркази Ҷумҳурии Чех фиристода шуд.
Ӯ гуфт, бозгашташ ба Прага бо дархости баъзе аз дӯстонаш дар ҳукумати Русия сурат гирифтааст. “Дар асл, чуноне ки баъзеҳо гуфтанд, бо ҳуҷҷатҳо мушкиле надоштам. Ман як гузарномаи Олмонро дорам, ки бо он даҳ сол боз ба ҳамаи кишварҳо рафта меоям. Ягон бор мушкиле надоштам. Ҳатто дар ин гузарномаам визаи Русия ҳаст, ки агар мушкили аснод медоштам, дарҳол визаи маро бекор мекарданд”,-афзуд ӯ.
Оқои Атовуллоҳ гуфт, дар лаҳзаҳои аввали боздошт бо дӯстони, ба гуфтаи худи ӯ, муҳимаш дар ҳукумати Русия дар тамос шуда, вазъиятро фаҳмонидааст: “Танҳо баъд аз он муомилаи маъмурони фурудгоҳ бо ман тағйир кард. Ва дӯстонам гуфтанд, ки ҳузури ман дар Маскав бисёр хатар дорад ва аз дасти онҳо дигар коре барнамеояд, ҷуз он ки дубора ба Прага баргардам. Ҳамин тавр, ман инро қабул кардаму бозгаштам.”
Раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор” дар идомаи гуфтугӯ бо “Озодагон” афзуд, ҳоло сиҳҳату саломат дар Аврупост ва мехоҳад чанд муддат дар он ҷо бимонад. Вале ҳамзамон бо мақомоти олии Русия дар гуфтугӯст, то қазияи боздошти ӯ мӯшикофона таҳқиқ шавад. “Бояд онҳо маълум кунанд, ки боздошти ман кори дасти кист”,-гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, бо ин ҳама аз роҳи худ пас нахоҳад гашт ва дар ҳамон мавқее, ки дошт, боқӣ хоҳад монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |