Боздошти беш аз 20 узви "Ансоруллоҳ" ва "Ҷундуллоҳ" дар Суғд
Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, шимоли Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 16 узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, як созмони мамнӯъро боздошт кардааст.
Шариф Назаров, сардори раёсат, ки рӯзи 16-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, гуфт, “дар давраи амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус 16 узви Ҷамоати Ансоруллоҳ ва 3 узви Ҷундуллоҳ, ки дар урдугоҳҳои махсуси Покистон тайёрии ҳарбиву ҷангӣ омӯхтаанд, дар ҳудуди вилоят дастгир карда шуданд.”
Ба қавли Назаров, дар ҷараёни боздошти ин афрод ду узви Ҷамоати Ансоруллоҳ кушта шудаанд. Вай афзуд, 16 узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки боздошт шуданд, дар гузашта шомили Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд.
Шариф Назаров мегӯяд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби онҳо муайян карда шудааст, 79 сокини Суғд, ки 22 нафарашон дар кофтукоб қарор доранд, берун аз марзи ҷумҳурӣ омодагии ҷангӣ-ҳарбӣ мебинанд. “Барои дастгир намудани 21 нафарашон парванда оғоз гардидааст”,-гуфт Назаров.
Дар акс: Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ҳангоми нишасти хабарӣ; Хуҷанд, 19-уми июли 2013
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |