Тахминан соати 00:35-и шаби гузашта дар Душанбе заминларза ба қайд гирифта шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази зилзилашиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд, қувваи ин такон дар пойтахт аз рӯи ҷадвали 12-баллаи Рихтер баробар ба 4 балл буд. Хушбахтона, хисороти ҷониву молиро ин ҳодиса дар Тоҷикистон дар пай надоштааст.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои хабарӣ менависанд, ки бино ба қавли маркази заминшиносии Амрико «дар водии Фарғонаи Осиёи Марказӣ як заминларзаи шадиди 6,2-баллӣ сабт шудааст. Маркази ин зилзила дар 40-километрии ҷанубуғарби Фарғона ва тақрибан 280-километрии пойтахти Тоҷикистон воқеъ будааст». {jathumbnail off}
Мӯҳр