Ҳисобу китоби зарари ТАЛКО ва корхонаҳои Узбакистон
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯяд, аудити нави байналмилалӣ дар мавриди зарари «Талко», бори дигар нишон дод, ки ин корхона ба Узбакистон зарар надорад.
Талбак Салимов, раиси кумитаи мазкур имрӯз 16-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ, иддаои Узбакистонро дар хусуси он ки гуё «Талко» ба ин кишвар 400 миллион доллар зарар дорад, беасос хонда, таъкид намуд, ки ин иддао ангезаи сиёсӣ дорад ва давоми маъракаи густурдаи мақомоти узбак алайҳи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” мебошад.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист афзуд, ташхисҳо муайян намуданд, ки дар ҳудуди корхона миқдори консентратсияи ҳидрогени фтордор дар таркиби ҳаво ва хоку об аз меъёри муқарраршуда зиёд нест.
Салимов таъкид кард, ки дар ноҳияҳои байнисарҳадии шимоли Тоҷикистон бошад консентратсияи моддаҳои заҳрнок дар таркиби ҳаво ба монанди оксиди нитроген, ғубор, ҳидрогени фтордор, формалдегид, ва фенол, дар таркиби обу хок бошад металҳои вазнин ба монанди хром, қурғошим ,оҳан, мис ва сурма аз меъёр аз 2 то 11 маротиба зиёд ба қайд гирифта шудаанд: « Сабаби асосии аз меъёр зиёд будани нишондиҳандаҳо аз таъсири корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бекобод, Алмалик, Оҳангарон ва Ангерени Узбакистон мебошад».
Ин дар ҳолест, ки давоми нимсолаи аввал мақомоти Узбакистон дар ҳамоише дар Латвия зиёни корхонаи алюминиюми тоҷик ба навоҳии наздимарзии Узбакистонро дар панҷ соли охир беш аз 400 миллион доллар баршумурданд. Ҳамчунин, ҳукумати Узбакистон бо ирсоли як нома ба Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, гуфт, Талко ҷони садҳо ҳазор сокини навоҳи наздимарзии Узбакистон ба хатар рӯбарӯ кардааст. Баробари ин мақомоти узбак бо истифода аз синамо ва ВАО-и хориҷӣ алайҳи ТАЛКО матолиби танқидӣ таҳия доштанд.
Ахиран Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар посух ба иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди зиёни Талко (корхонаи алюминиюми тоҷик) гуфт, сокинони навоҳии шимоли Тоҷикистон ҳам ним қарн боз ҷабри корхонаҳои саноатии Узбакистонро мекашанд. Ба қавли ӯ, “корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Узбакистон ҷойгиршуда дар давоми ним аср боз ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд.”
Маврид ба ёдоварист, корхонаи тавлиди алюминиюми Тоҷикистон мавсум ба «ТадАз» баҳори соли 1975 сохта ба истифода дода шудааст, ки алъон бо номи ширкати «ТАЛКО» маъруф аст. Ин корхона бузургтарин истеҳсолкунандаи алюминий дар Осиёи Марказӣ буда, зарфияти истеҳсолиаш дар як сол баробар ба 500 ҳазор тонна арзизи тайёр аст ва ягона корхонаи воридкунандаи арзи хориҷӣ ба буҷаи кишвар маҳсуб мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |