Медали панҷуми Тоҷикистон дар Универсиадаи Қазон-2013
Нусратшоҳ Имомов, варзишгари тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳон дар шаҳри Қазон нишони биринҷӣ ба даст овард, ки панҷумин медали Тоҷикистон дар ин сабқат ба шумор меравад.
Ин варзишгари 24-солаи тоҷик, ки дастпарвари Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст, рӯзи 15-уми июл дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни 74 кило ба рақибаш Петро Кузмин аз Украина (4:2) ва Теҷен Теҷенов аз Туркманистон (2:1) пирӯз шуд, аммо дар нимфинал аз гуштигири Русия Уалӣ Куржеев бо ҳисоби 0:14 мағлуб гашт. Баъд аз ин, паҳлавони тоҷик барои ҷойи севум бар Нарантогтох Тсенд-Аюш аз Муғулистон бо ҳисоби 7:0 ғалаба кард.
Бояд гуфт, ин панҷумин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мазкур ба шумор рафта, мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки то ҳол соҳиби медал гардидаанд, бо 5 медал - 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 42-юм меистад. Қаблан Абдуазим Бойназаров дар вазни то 68 кило дар гуштии камарбандӣ бо усули озод сазовори медали нуқра гардид. Варзишгари дигари тоҷик Ибодулло Алибердизода, дар вазни то 62 ва Гуландом Қаробоеваи 20-сола дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кило дар мусобиқаи камарбандӣ бо усули озод медали биринҷӣ ва Комроншоҳи Устопириён дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило медали нуқра ба даст оварда буданд.
Бозиҳои 27-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён рӯзи 6-уми июл шурӯъ шуда то 17-уми июл идома хоҳад кард. Ин мусобиқа аз рӯи 40 намуди варзиш баргузор мегардад ва бори нахуст варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш дар он ширкат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 86 варзишгар, 28 мураббӣ, 2 довар ва 3 намоянда аз ҷумла Маликшо Неъматов, роҳбари Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар шомиланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |