Ҳудуди 294 килограмм маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон тайи шаш моҳи соли равон забту мусодира шудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.Тибқи иттилоъи манбаъ, дар шурӯъ аз моҳи январ то июни соли равон, аз тарафи кормандони мақомоти интизомии шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 294 кг. 679 гр. маводи нашъовар гирифта шуд. Гуфтанист, ин миқдор нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли сипаришуда 181 кг. зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, тайи нимсолаи аввали соли 2010 аз гардиши ғайриқонунӣ 113 килограмм маводи мухаддир мусодира шуда буд. {jathumbnail off}
Мӯҳр