Боз як медали нуқрагии Тоҷикистон дар Универсиада--2013
Комроншоҳ Устопириён, варзишгари тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳон дар шаҳри Қазон медали нуқрагӣ ба даст овард, ки чорумин медали Тоҷикистон дар ин сабқат ба шумор меравад.
Ин варзишгари 20-солаи тоҷик рӯзи 14-уми июл дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг ба рақибаш Нико Хорват аз Словения бо ҳисоби 12:0 дастболо шуда, соҳиби медали нуқра гардид. Вале дар бозии ниҳоӣ дар рақобат бо Павел Румянсев, варзишагари 26-солаи рус мағлуб шуд.
Бояд гуфт, ин чаҳорумин медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти мазкур ба шумор рафта, мунтахаби Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки то ҳол соҳиби медал гардидаанд, бо 4 медал-2 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 41-ум меистад. Қаблан Абдуазим Бойназаров дар вазни то 68 кило дар гуштии камарбандӣ бо услуби озод сазовори медали нуқра гардид. Варзишгари дигари тоҷик Ибодулло Алибердизода, дар вазни то 62 ва Гуландом Қаробоеваи 20-сола дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни то 76 кг дар мусобиқаи камарбандӣ бо услуби озод медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Бозиҳои 27-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён рӯзи 6-уми июл шурӯъ шуда то 17-уми июл идома хоҳад кард. Ин мусобиқа аз рӯи 40 намуди варзиш баргузор мегардад ва бори нахуст варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш дар он ширкат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 86 варзишгар, 28 мураббӣ, 2 довар ва 3 намоянда аз ҷумла Маликшо Неъматов, роҳбари Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар шомиланд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |