Тавре аз идораи умури дохилии Суғд ба хабарнигори минтақавии «Озодагон» иттилоъ доданд, Мансур Собитов, замоне мавриди боздошти мақомот қарор гирифтааст, ки ӯ дар тӯли моҳҳои сенябр- октябри соли 2010 дастуру супоришҳои аъзоёни қаблан дасгиршудаи «Ҳаракати исломии Ӯзбакистон» Ҳасанов Абдунаим, сокини 29 солаи чамоати Навглени ин ноҳияро дар мавриди дастрас намудани ғизо ба ӯву аъзоёни дигари аз чашми мақомот панаҳбаранда мусоидат кардааст. Инчунин ӯ барои харидорӣ ва дастрас намудани ғизову маблағ ба аъзои дар кофтукоб қарор доштаи мақомот Сӯҳроб Ваҳҳобов, сокини шаҳри Исфара, ки дар моҳи октябри соли 2010 дар рафти амалиёти махсуси мақомот кушта шудааст, пайваста кӯмак намудааст. Оиди ин ҳодиса аз рӯи моддаи 36 қисми 5 ва 187 -и Кодекси ҷиноии ҶТ оғоз карда шудааст ва тафтиши ин қазия идома дорад.
Ин танҳо як ҳодиса аз боздошти ҷавонон ба хотири пайвастан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ набуда, балки дар соли гузашта дар қатори чанд нафар аз сокинони шаҳри Исафара як хонандаи мактаб ҳам бо исми Насибуллоҳи Собирзода, ки ҳанӯз ба балоғат нарасидааст, барои пайвандонаш, ки аз чашми мақомот ғоиб ба сар мебурданд, бо расонидани ғизову дигар муҳимот мусоидат кардааст, мавриди боздошт ва ба чанд соли зиндон равона карда шудааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузашта Исфараву Истаравшан ва Хуҷанд аз шаҳрҳои саноатии Суғд маҳсуб мешуданд, вале ҳоло ба руйхати мақомотҳои давлатии Тоҷикистон, шаҳрҳое унвон мешаванд, ки масоили гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъи экстремистӣ бештар мушоҳида мешавад, ки чунин раванд, аз тамоюли нави ҷинояткории ҷавонон дар солҳои охир ба шумор рафта ва дар ин минтақаҳои саноии Тоҷикистон бештар ба назар мерасад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |