Аз модари Додоҷон хостаанд, то бигӯяд: “Фарзандам баргард!”
Раиси ҷамоати Ворӯи Панҷакент ҳамроҳ бо се нафари дигар аз модари 83-солаи Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, талаб кардаанд, то аз фарзандаш бихоҳад, ки ба ватан баргардад.
Дар ин бора наздикони оқои Атовуллоҳ ба “Озодагон” хабар дода ва гуфтанд, бори охир ин афрод ду рӯз пеш ба манзили онҳо омада буданд. Яке аз наздикони Додоҷони Атовуллоҳ гуфт, “онҳо дар аввал фақат модари Додоҷонро дидан мехостанд. Баъд пурсиданд, ки агар мехоҳад фарзандаш ба ватан баргардад, ҳаминро ҷумларо такрор кунад. Модараш ҳам гуфт, мехоҳад, фарзандаш биёяд.”
Мусоҳиби мо афзуд, яке аз ин афрод дар дасташ камера ё дастгоҳи сабти видео дошт ва намедонанд, оё ин ҳарфҳои модари Додоҷонро сабт кардааст, ё на. “Онҳо дар бораи сабт аз мо аслан иҷоза напурсиданд. Вале маълум мешавад, ки онҳо чи чизеро ба навор гирифтан мехостанд”,-илова кард ӯ.
Мақомот то ҳол дар ин замина изҳори назар накарданд. Вале дар охири моҳи майи соли ҷорӣ як корманди ТВ "Симо"-и Панҷакент талош карда буд, то модари Додоҷони Атовуллоҳро ба навор бигирад. Он замон намояндагони мақомоти Панҷакент низ ба хонаи модари Додоҷони Атовуллоҳ омада ва пурсида буданд, ки бори охир кай писарашро дидаасту бо ӯ дар тамос ҳаст ё не ва айни ҳол Додоҷон дар куҷо зиндагӣ мекунад.
Додоҷони Атовуллоҳ, муассис ва сардабири “Чароғи рӯз”, дар пайи даргириҳои дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда ва дар хориҷа ба сар мебарад. Ҳоло ӯ дар телевизиони “К+” барномаҳоеро дар бораи мақомдорони тоҷик ва вазъи сиёсии Тоҷикистон пахш мекунад. Навори тӯйи писари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ тавассути ин журналисти тоҷик дар “К+” пахш ва боиси сарусадоҳои зиёде дар ҷомеаи тоҷик гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |