Аз ҳама даромади кам дар Осиёи Миёна тоҷикон доранд
Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми даромад сари ҳар сокин дар минтақаи Осиёи Миёна аз ҳама охир меистад.
Бонки ҷаҳонӣ дар раддабандии солонаи кишварҳои ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ гуфтааст, даромади аз ҳама зиёд сари ҳар сокин дар Қазоқистон сабт шудааст, ки 9 ҳазору 730 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ин нишондод баробари 860 доллари амрикоӣ мебошад, ки пасттарин дар Осиёи Миёна аст.
Баробари Тоҷикистон ба қатори кишварҳое, ки аҳолияшон даромади кам доранд, Қирғизистон низ ворид шудааст. Ҳар сокини ин кишвар дар як сол 990 доллари амрикоӣ даромад доштааст.
Бонки ҷаҳонӣ Туркманистонро махсусан қайд кардааст, ки ҳар сокинаш 5 ҳазору 550 доллари амрикоӣ даромади солона дорад.
Узбакистон ба қатори кишварҳои даромади сокинонашон миёна ворид гардидааст. Ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ дар Узбакистон сари ҳар сокин 1650 доллари амрикоӣ ташкил додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |