Қатъи парвандаи ду модаре, ки монеи таҳсили духтарон шудаанд
Додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ду модареро, ки монеи таҳсили духтарони ноболиғашон шуда буданд, қатъ кардааст.
Баҳриддин Бозоров, додситони шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, “нисбат ба ин афрод бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда буд, вале аз тарафи суд (додгоҳ) бо дастрасии моддаи 72-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бинобар пушаймонӣ аз кирдор қатъ карда шуд.”
Ба қавли ҷаноби Бозоров, Бибираҳима Хасчиева ва Гулғунча Носирова бар хилофи қонунҳои амалкунанда, ки таҳсилоти ҳатмии умумии асосиро муқаррар менамояд, ба таҳсили духтарони ноболиғи худ, ки дар синфи 8-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Қӯрғонтеппа таҳсил мекунанд, монеъ шуда буданд. “Дар натиҷа, онҳо аз 1 сентябри соли 2012 инҷониб дар мактаб таҳсил накардаанд”,-гуфт додситони Қӯрғонтеппа.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |