Бахшҳо

Моҳи Рамазон чӣ маззаҳоро ба ёди мо меоварад?

Муҳаммадисмоил Бурҳонов, махсус барои "Озодагон"

Моҳи мубораки Рамазон барои мусалмонҳо як моҳи бисёр хос мебошад, ки саршор аз ширинӣ ва маззаҳои мухталиф аст, аммо бояд дид кадом мазза аз ин моҳи азиз, бештар дар коми мо монда ва бо омадани ин моҳ, ёди кадом ҷилва аз ин моҳи муборак меафтем? Ҷавоби ин савол ба мо нишон хоҳад дод, ки умқи истифодаи мо аз ин моҳи маънавӣ чӣ қадар буда аст? Ва низ гароиши вуҷуди мо ба самти чист ва бояд ба кадом самт равонааш кунем?


Яке аз маззаҳое, ки назди хелеҳо дар моҳи Рамазон ҷилва дорад, мазаи ширинии “нишоло” ва “оши бурида”-и моҳи Рамазон аст, ки шояд дар дигар моҳҳо чунин лаззате надошта бошад. Ифториҳои пурдабдаба, суфраҳо ва меҳмониҳои мухталиф ва ҷоҳои мухталифе, ки ифториҳои рангоранг медиҳанд ва мо ҳам ки гоҳе то ҳадди кафидан дар сари суфраи ифторӣ дар хидмати шикам ҳастем.... Ҳамаи инҳо бахше аз тасаввуроти ширинии афрод аст.

Ғизои саҳарӣ ҳам маззаҳои хосе дорад, чун дар ғайри ин моҳ ағлаб дар он соати хос касе чизе намехӯрад, он ҳам бад он шакл, ки мисли як мусобиқа, то дақиқаи охир ва лаҳзаи охир, ки азон мешавад мехӯрем ва меошомем, он ҳам хурдани ҳамроҳ бо навои малакутии дуоҳои саҳарӣ, ки ин ҳам яке аз маззаҳои ба ёдмондании моҳи муборак барои мост.

Албатта баъзеҳо дар тӯли рӯз ё баъд аз ифтор соатеро дар маҳзари Қуръон сипарӣ мекунанд ва баъзе дигар ҳам ҳеч кадом аз сериали баъд аз ифторро аз даст намедиҳанд ва то се-чаҳор соат баъд аз ифтор лаҳазоти муфарраҳ ва саргармкунанда дар назди телевизион сипарӣ мекунанд.

Шаби қадр ҳам, ки барои баъзе аз мо ягона шаби маънавии сол аст аз вижагиҳои беназири ин моҳ аст. Маззаҳои хоби баъд аз саҳарро ҳам фаромӯш кардам, ки хеле ширинанд...

Аммо савол инҷост, ки оё ин ҳама он маззаҳое аст, ки Худои Меҳрубон мехоҳад аз ин моҳи азиз дар коми мо монад? Хеле кам мешавад ё шояд нашавад ин ки мо ҳангоми саҳарӣ дуои пурмаънои саҳариро бихонем ва замзама кунем ё инки як вақти алоҳидае , ки баъд аз саҳарихурӣ гоҳо то азон мемонад ва кирои хобидан намекунад ва ба ночор рӯ ба намоз ва дуо меоварем,вақти махсус ва ҷудогона ҳам барои дуо ва розу ниёзи саҳарӣ қарор диҳем.

Бо худ андешидаем, ки дар моҳи мубораки Рамазон чӣ қадар ба маънои воқеъӣ ба Қуръон наздик мешавем ва дар баҳори Қуръон баҳорӣ мегардем? Воқеъан диламон чӣ қадар ба маънои воқеии калима ба Қуръон наздик мешавад ва дар баҳори Қуръон баҳорӣ мегардад? Дар канори нахурдан ва наошомидан, ки аз заруриёти рӯза аст, чӣ қадар рафтор ва ахлоқи мо дар ин моҳ тағйир мекунад ва буву мазза ва атри илоҳӣ мегирад?

Намозҳо ағлаб дар ин моҳ бештар мешавад ва намозҳои ҷамоат ҳам мамлу аз рӯзадорон аст, он ҳам бештар дар мавриди намози субҳ, ки аввали вақт хонда мешавад, аммо ҳангоми ифтор чӣ?

Оё воқеан маззаҳои илоҳӣ ва худоии ин моҳи хос ва истисноӣ барои мо ҷилваи барҷаста дорад ё хайр? Агар надорад ё дар ҳадду андозаи ном ва шарафи ин моҳи бузург нест, бояд кушиш кунем, ки худро дар масири ислоҳ қарор диҳем, то бо наздик шудан ба маънавиёти ин моҳ воқеан ба ҳадафе, ки Худованд аз қарор додани ин моҳ барои мо дошта бирасем ва бар тибқи он ояи Қуръон, ки ҳадафи рузаро баён мефармояд муттақӣ ва парҳезгор шавем ва дар иди Фитр сурури илоҳӣ дошта бошем, то пок шудан ва расидан ба фитрат ва Худо насибамон гардад.
Мӯҳр
Бо уммеди он шириниҳое , ки Домулло Хуршед қарор аст барои дустонаш арзони дорад.

Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст
Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст
Маҷмуаи гулҳост шабу рӯзи азизаш
Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст
Дар домани ин баҳри гиронмоя бубинед
Дарёи гуҳарҳои фаровон Рамазон аст
Бо фикри муноҷоти Худо дар дили шабҳо
Бар ҳастии мо дасти гулафшон Рамазон аст
Тасвири шафак гашта чу саҷҷодаи Мавло
Оинаи он муҳри фурузон Рамазон аст
Пас он садафи нур ба Қуръон Рамазон аст

Он ҳама лаззатҳои моҳи шарифи Рамазоне ки муаллиф мисолашро овардааст, дуруст аст. Вале беҳтарин хусусияти ин моҳ он аст ки ашхоси рӯзадорро (намегӯям мусулмононро, зеро на ҳама рӯзадоранд!) дар як чорчӯбаи назми истеъмоли таъом ва покизагӣ нигаҳ медорад. Дар як вақт таъом мехӯрем. Қазои намоз намекунем. Каме ҳам бошад иззати нафсу сухан мекунем.

Дар баробари ҳамаи ин хусусиятҳои мусбат дар ин моҳи шариф камбудиҳои одами хокӣ низ зоҳир мешаванд, ки ин ҳаргиз решаҳои илоҳӣ надорад ва далелҳое ҳастанд, ки ин падидаи манфӣ фақат ба минтақаҳои мусулмоннишини собиқ Шӯравӣ дахл дорад. Инҳо чӣ ҳастанд? Ба маротиб афзойиш ёфтани нарху навоъи маҳсулоти хӯрокворӣ дар мағоза ва бозорҳо дар ин моҳи муборак. Ба назар мерасад ки савдогарони калон ва чаканафурӯшон интизори маҳз ҳамин моҳ мебошанд, то бо меҳнати камтар маблағи бештаре ба даст биоранд. Васвасаи шайтон дастболо мешавад ва адлу инсофу одамгарӣ дар канор мемонад. Чашмҳо кӯр ва гӯшҳо кар мешаванд. Ақлу хирад заиф мегардад. Нафс, нафс ва боз ҳам нафс! Дар ҳоле ки аз баракати соҳибистиқлолӣ ва кушода шудани роҳҳо ҳамасола ҳазорҳо тан аз сокинони кишвар сафари ҳаҷ мекунанду ҳоҷӣ мешаванд, вале, аҳвол ҳамун аст ки буд.
Дар муқобили болоравии нархҳо ҳукумат ба "иқдомҳои мухсус" даст мезанад, маҳсулоти хушсифат дар бозорҳо нопадид гардида, амволи пастсифат ва таъби хираи харидорони рӯзадор ва рӯи турши фурушандагон боқӣ мемонад. Манзараест ҳамасола такрор ба такрор меояд. Ин ҳам аз "баракати" моҳи шарифи Рамазон аст, вале, чӣ тавре ки зикр шуд, аҳкоми вай несту баднафсии одамист.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)