Бахшҳо

Фишор ба ҲНИТ нишони тарс аст ё қудрат?

Абдулазизи ВОСЕЪ

ҲНИТ, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки қарор аст моҳи ноябри соли равон баргузор шавад, дар вазъияти ҳассосе қарор дорад. Фишорҳое, ки қаблан масъулини ҳизб ба мавҷудияти онҳо ишора мекарданд, бо эҳтимоли қавӣ бо гузашти ҳар рӯз ва наздикӣ ба интихобот болои он бештар хоҳад шуд.

ҲНИТ ягона ҳизби исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз аҳзоби аслии мухолифи ҳизби ҳокими ҳалқӣ-демократии Тоҷикистон унвон мешавад. Шаш ҳизби дигар дар фазои сиёсии кишвар нақши камранге доранд. Гузашта аз ин дутои он, ки дар арафаи интихоботи гузаштаи президентӣ таъсис ёфтаанд, алакай тамғаи «ҳизбҳои кисаги»-ро доранд. Ҳизби демократӣ баъди пушти панҷара рафтани роҳбараш -- Маҳмадрӯзӣ Искандаров гӯйё то ҳол ба худ наомада ва бештар ба баҳсҳои дохилӣ банд аст.

Сотсиалистҳо аслан мавқеи рӯшане надоранд. Ба назар мерасад, комунистҳоро ҳама чиз қонеъ мекунад. Ҳизби сотсиал-демократӣ, ки бо мавқеъгириҳои тунд дар баробари тасмимҳои ҳукумат маъруф аст, аъзои зиёде надорад, ки сабаби нигаронии мақомот гардад. Аммо ҲНИТ бо беш аз 40 ҳазор аъзо метавонад, нерӯи пурқудрате бошад.

Ҳоло ба назар мерасад, талош мешавад, то ин нерӯ заиф шавад. Барои ин аз ҳар шева кор мегиранд. Пешниҳоди бастани он ҳам истисно нест. Соҳибназарон ҳадс мезананд, ки сабаби ба Ватан баргардонидани Бозор Собир, шоири тоҷик ҳам аз ҳамин чашма об мехӯрад. Бозор Собир соли 2010 вақте Тоҷикистон омада буд, дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” гуфт, ки беҳтар аст Ҳизби наҳзати исломӣ баста шавад. Ва ин навбат ҳам, ки тибқи маълумотҳо бо даъвати президент ва барои ҳамешагӣ аз Амрико ба Тоҷикистон омад,изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нодаркор зиёданд ва аз зиёиён даъват кард, ҳамагӣ дар атрофи президент ҷамъ оянд.

Баъдан ба ин мазмун суханҳоро Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин, ки моҳи январи соли 2010 барои пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи Салафия маҳкум ба зиндон шуд ва субҳи 24-уми июн аз боздошт раҳо гардид, изҳор дошт. Ӯ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, «Тоҷикистони мо муҳтоҷи ягон гурӯҳ ва ҳизб нест». Ин қисмат бо ҳамин анҷом наёфт ва нуктаи авҷи он ҳафтаи сипаришуда дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаҳои аҳли ҷамоаи кишвар ва руҳониён садо дод.

Якбора чанд нафар аз намояндаи руҳониён таъкид карданд, ки «Ислом ба ҳизб ниёз надорад». Ҳатто як нафари онҳо ба президент муроҷиат карда гуфт, «аз ҳизби наҳзат калимаи поки Ислом бардошта шавад, зеро ин ҳизб аз номи поки Ислом ба манфиати худ истифода бурда истодааст».

Хеле аҷиб аст, ки оё президент метавонад тасмим бигирад, ки кадом ҳизб дар кадом шакл номгузорӣ шавад? Агар не, пас чаро муллоҳои муҳтарами мо аз президент мехоҳанд, то ҳизби наҳзат бидуни калимаи Ислом бошад? (агар нафаре пешниҳод кунад, ки аз ҲХДТ калимаи демократия ҳазф шавад, бо чӣ вокунише рӯбарӯ хоҳад шуд?)

Ҳоло рушан нест ва ҳам пешгӯӣ карданаш душвор аст, ки меваи ин пешниҳодҳо чӣ хоҳад буд. Аммо яқинан ба нафъи ҲНИТ анҷом намешавад, дар ҳоле ки аз чанд соли қабл масъулини ин ташкилоти сиёсӣ мегӯянд, мақомот бо ҳар васила ба аъзои он фишор меоварад. Зимнан, аз қазияи Исфара ва Бадахшон мисол зада мешавад, ки ба аъзои ҲНИТ фишор меоваранд. Моҳи апрел Раёсати олии ҲНИТ дар изҳороте гуфт, мақомоти вилояти Бадахшони Куҳӣ ба бахши вилояти ҲНИТ фишор оварда, ба аъзои Ҳизби наҳзат хориҷ шудан аз сафи ҳизбро ташвиқ мекунанд.

Аммо кор танҳо бо аъзои қаторӣ ва минтақаии ҳизб поён намеёбад.
Моҳи апрели соли равон кормандони ҳифзи ҳуқуқ монеи мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, райиси ҲНИТ ва вакили парлумон бо аъзои ҳизб дар ноҳияи Ҳисор шуданд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» ва Муҳаммадалии Ҳайит, муовини райиси ҲНИТ зери лату куби шадид қарор гирифтанд ва то кунун мақомот дар боздошти омилони ин ҳодиса муваффақ нашудаанд.

ҲНИТ ҳамаи он чиро ки ишора рафт, бештари вақт бо таҳаммул ва гоҳҳе ҳам бо изҳорот посух мегардонад. Изҳороте ки ба назар мерасад таъсирбахш нестанд ва нодида мемонанд. Дар гузашта ҳам вақте расонаҳои давлатӣ аз боздошти як аъзои ҳизби наҳзат бо ҷурми содир кардани ҷиноят мегуфтанд ва борҳо ба аъзои ин ҳизб будани ӯ таъкид мекарданд, сабаби нигаронии масъулини ҲНИТ мешуд. Раҳбари ин ташаккули сиёсӣ боре гуфта буд, ки чаро вақте як аъзои ҲХДТ, ҳизби ҳалқӣ-демократиро боздошт мекунанд, ба узви кадом ҳизб будани ӯ ишора намешавад?

Бо ин ҳол бархе соҳибназарон ба «Протоколои 32-20» ишора мекунанд, ки замоне сабаби сару садоҳои зиёде шуда буд. Моҳи феврали соли 2012 сомонаи «Звезда.ру»-и Русия дар мақолае бо номи «Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб» навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст. Дар ин торнамо ҳуҷҷатҳое аз ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон таҳти унвони «Протоколои 32-20» ба чоп расида буд. Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон дар посух ба номаи вакилони ҲНИТ, ки хостори шарҳи «Протоколи 32-20» шуда буданд, мӯҳтавои онро бепоя хонд.

Ин ҳама фишорҳо дар арафаи интихобот ё ба нерумандии бесобиқаи ҲНИТ сабаб мешавад ё онро ҳамчун як қувваи пурзӯри мухолиф аз миён мебарад.
Мӯҳр
Зайд
Ин протокол сари худи хукуматро мехурад, зеро ин икдомхоро хукумат бо фишори Узбакистон анчом дода истодааст. Ин, ки гуё прехидент тавре воамуд мекунад, ки гуё узбакистон бо мо душман аст, як гапи кучаги ва дуруг аст. Агар ба хнит фишор оваранд ин сулхро аз байн мебаранд, зеро яке аз бандхои сулх хамин буд.Бастани хнит маънои бе замонат мондани сулх дар кишвар аст ва дигар сулхе боки намемонад ки ин хостаи узбакистон аст ва дар вакташ хам сулхро замонат надода буд ва баъди солхо ба максадаш мерасад ва натичааш ин мешавад ки ин хукумат сари худашро мехурад ва узбакистон аз фурсат истифола намуда боз як чанги дигарро меандозад. Кай шумо аз фаросати худ истифода мебаред?

Салом бародар А воқеан дуруст барраси карди масаларо ва нигоҳое, ки ту қайд карди бисёр дақиқ ва дуруст аст. Ин мушикофиҳоро агар ҳамаи бародарони хабарнигори мо баён кунанд мардум худ қазоват мекунад ва барои пешрафти ватан кушиш мекунад. Худованд нигаҳбонат бошад ва сарбаланд бошӣ БАРОДАР

беном
Вох и ХНИТ вокеан хизби бакувват будайда. Хамихел гап мезанан меги хама боваршон кард. Е мардакой хуб басай дуруг гуфтан хичка болой шумо фишор намеёра. Як бор фикр кнен хтон кида даркорен. Бад 40 хазоре меген дуруги махзай як бор рафт ах яке аз хамун 40 хазора пурсен ХНИТ чист чи меган. Озодагон илтимос Озод боши чоп кун чунки Озоди комментои мора чоп намекунад.

Бозорбой
Агар руҳониёни содиқ ба ҳукумат пешниҳоди аз номи ҲНИТ ҳазф намудани калимаи Ислом-ро карда бошанд, мардум пешниҳод менамояд, ки аз ҲХДТ калимаи "халқӣ" бардошта шавад, чунки дар асл ин ҳизб мардумӣ нест ва дар хизмати халқ нест.

ассалому алайкум раисони хизб, ман тарафдори ислом хастам ма аз хнит хамеша тарафдори мекунам маколахои хизбро мехонам вакте Рахмонов ба муллохои зархарид пул ваъда кард дар хол аз хнит руй гардониданд, чаро бар зидди хизби коммунисти, хизби социаль демократи ё хизби халки демократи касе сухан намегуяд? метарсанд, ки аз вазифа барканор хохад шуд хнит дар зери фишор карор дорад аз тарафи душманони ислом ин муллохои бе тахорат мехоханд боз як зарбаи дигар бар хнит зананд ман бовари дорам ислом голиб мебарояд ва хнит дар хизмати мардуми исломии точикистон хамеша устувор бошад,
ман ба Мухиддин Кабири як суоле дорам ва хохиши зудтар гирифтани чавоб хастам бисёре аз мардум мегуянд дар хнит хама шиъахо хастанд на суннихо сармоягузориашон аз ирон мебарояд оё ин суханхо ягон асосе дорад?

Хоит рашт
Шукри Худованд, ки алхамдуллилох мусалмонзодаву мусалмонам, вале дилам ба аъзогии ХНИТ намекашад. Зеро бе аъзоги ба он хам хамаи аркони исломиамро ба чо оварда метавонам. Дар матбуот он кадар хангома мекунанд, ки гуё бе ХНИТ дигар мусулмони вучуд дошта наметавониста бошад. Ба фикри ман ХНИТ манфиатхои мусулмонони вазифахохро таъмингар асту халос, ба ягон гуна мусулмонии мо коре хам нахохад дошт.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)