Зарифӣ дар Бишкек масоили марзиро баррасӣ кард
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизи худ Эрлан Абдилдаев, ҳамкориҳои марзиро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи гузашта, 12-уми июл Ҳамрохон Зарифӣ бо Эрлан Абдуллоев дар шаҳри Бишкек мулоқот анҷом додааст. Дар ин дидор оқои Зарифӣ бо ҳамтои қирғизаш масоили марбут ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ-ро муҳокима намуда, инчунин ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва ҳамкории сарҳадӣ ба баррасӣ гирифтаанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гузаронидани мулоқоти мунтазам дар сатҳҳои гуногун барои муҳокима ва ҳалли масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба зарур мебошад.
Сафари вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба Бишкек дар ҳоле сурат пазируфт, ки қарор аст, ҳайате аз Тоҷикистон рӯзи 15-уми июл барои аломатгузории марзи миёни кишвар бо Қирғизистон озими Бишкек шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |