Бахшҳо
12 июл 2013 17:11Тоҷикистон / Сиёсат

"Нақш"-и Тошканд дар нооромиҳои Тоҷикистон аз нигоҳи Давлат Усмон

Ҳумайрои БАХТИЁР

Давлат Усмон, собиқ муовини нахуствазир ва номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1999, мегӯяд, дар даргирии солҳои навадуми қарни гузашта Тошканд нақши муҳиме бозидааст. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, иштибоҳ ва камбудҳои ҳукумат ва мухолифини тоҷик ҳам дар ин замина кам набуд.

Ин нуктаро оқои Усмон дар маҳфили навбатии Бунёди “Муколамаи тамаддунҳо” ба раҳбарии профессор Иброҳим Усмонов баён дошт, ки рӯзи 12 июл дар Душанбе баргузор гардид.

“ОК”-ҳои Маскаву Тошканд

Ба қавли Давлат Усмон, нухбагон ва зиёиёни тоҷик дар даврони Шӯравии пешин вобастагии зиёд аз Тошканду Маскав дошта, тамоми умури сиёсати дохилии Тоҷикистон бо “ок”-и ин ду кишвар анҷом дода мешуд. Вай афзуд, “дасти Тошканд ҳамеша дароз буд. Дар солҳои Шӯравӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тошканд ҳарфи ҳалкунанда дошт. Ҳар он чизе, ки Тошканд пешниҳод мекард, Кремл бе чунучаро ва бидуни таҳлили иловагӣ қабул мекард, чун он вақт Русия бӯҳрони дохилӣ дошт. Тошканд ҳамоно ҳам бар ин назар аст, ки дар сиёсати дохилиаш Тоҷикистон бояд ба ҳарфи ӯ гӯш дода, “ок”-ҳои Узбакистонро бигирад. Узбакистон дарк кардан намехоҳад, ки Тоҷикистон ҳоло мустақил аст.”

Ба андешаи Давлат Усмон, маҳз ҳамин вобастагиҳои Тоҷикистон аз Русияву Узбакистон сабаби аслии нооромиҳои дохилӣ шудааст. Ӯ гуфт, таъкидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди даст доштани нерӯҳои хориҷӣ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба маврид аст ва Тошканд аз ин суханони Душанбе набояд биранҷад.

Воқеиятҳои 1992

Дар идомаи маҳфил Давлат Усмон аз хотироти худ дар солҳои 92-юм қисса карда, гуфт, ӯ замоне ба вазифаи расмӣ таъмин гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон дар марҳилаи фалаҷшавӣ қарор дошт. Дар ҷавоб ба саволи чаро номбурда бо дарки ин воқеият ба истеъфо нарафтааст, Давлат Усмон гуфт: “Дар он солҳо истеъфо рафтан маънои ҳукми қатлро дошт. Зеро вақте як нафар гурӯҳеро ба хиёбон мебарорад, бояд масъулияти худро бишиносад.”

Ба гуфтаи собиқ муовини сарвазир, ҳарду ҷониб ҳам дар ҳоводиси дохилӣ иштибоҳҳои зиёд доштанд, онҳо воқеиятро хуб дарк намекарданд. “80-90 дарсади мардуми хиёбон барои табаддулот омада набуд. Аз тарафи дигар карахтии ҳукумати коммунистӣ, аз воқеият ва мардум дур будани онҳо, ҳамқадами ҷараён набудан омили дигари бесарусомониҳо буд”,-таъкид кард Давлат Усмон.

Давлат Усмон мегӯяд, ки ҳоло дигар фурсате расидааст, ки таърихнигорон ва ҷомеашиносон ҳодисаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистонро пурра таҳқиқ намоянд.

Истеъфои Раҳмон Набиев

Дар робита ба истеъфои марҳум Раҳмон Набиев, раисиҷумҳури пешини Тоҷикистон, Давлат Усмон гуфт, он замон кӯшишҳое ба харҷ дода шуда буданд, то аз роҳи қонунӣ раисиҷумҳурро аз вазифа сабукдӯш намоянд. “Мо бо парлумон гуфтушунид доштем. Парлумони он замон метавонист Раҳмон Набиевро ба истеъфо фиристад. Сессияи 15-ум ҳам кӯшише буд, то Раҳмон Набиев бо роҳи қонунӣ барканор шавад. Сенария қаблан тарҳрезӣ шуда буд. Аммо вақте се нафар бар зидди Раҳмон Набиев баромад карданд, номбурда якбора танаффус эълон кард.”

Ҳоло Эрону Чин ҳаст...


Давлат Усмон ҳамчунин гуфт, бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар қиёс бо солҳои 90-ум 180 дараҷа иваз шудааст. Агар дар гузашта Тошканду Маскав ҳарфҳои ниҳоиро мегуфтанд, имрӯз ин гуна нест. “Он замон Чин, Эрон, Амрико ва дигарон ба таври ошкоро сиёсати худро инҷо пиёда карда наметавонистанд”,-гуфт Давлат Усмон.
Мӯҳр
Чаноби Д.Усмон дар бухрони сиёсии солхи 90 ва шикасти Хукумати Р.Набиев накши муайянкунанда дорад. Ва холо айбро дар хорич кофтани у махзакаовар менамояд. Албатта, ун кишвархо манфиатхои худро доштанд ва холо низ доранд, вале аз бемасъулияти хамин гуна "сиёсатмадорон" истифода карда, он давлатхо ва куввахои сиёсии онхо ниятхои худро амали месозанд...

Агар хамин мулло Давлати Усмон сиёсатмадори давр бошад, пас мани мухочир мудири дафтари масъалахои сиёсии ООН дар Вашингтон мебошам.Шоир Бозор Собир Давлати Усмонро."чаноби лунч" меномид. Агар шумо лахзахои телевизиониеро, ки дар рузхои сессияи 16-уми шурои Олии Точикистони навини он солхо,дар Хучанд.тамошо карда бошед,у бохузуру бо иштихои том таъом мехурд. Косаи шурбои гушти гусфандорро пеш кашида, дулунча карда меошомид. Давлат Усмонови замони шурави, саводи кофи надошт, холо хам бесавод аст. Донишгохи Давлатии Точикистон ба номи В.И Ленинро дар охирин солхои бодошти шурави,соли 1990-ум хатм карда аст.Шабона тахсилро дар факультаи хукукшиноси хатм намуда аст. Модоме,ки мулло кадам ба 34-мениход,албатта уро дигар на ба сохахои прокуратураву суду адлия ва собик КГБ барои кор даъват накарданд.Худаш хам мефахмид.Хатто адвокат ва юрист-консул хам шуда натавонист. Ботинан аз чамъияту аз такдир гуё сахт ранчида буд.Бинобар хамин ба сиёсат ру овард. Хамон шабу рузхо у ба кадом касбу кор банд буд, касе намедонист. Усмонови "хукукшинос",хамчун рухонии покдоман ва муллои махалла ба сиёсат часпид. Бинобар ин дар байни омма уро хамчун мулло Давлат мешинохтанд. Баъдтар Давлати Усмон шуд. Аз ухдаи ягон кори давлати намебарояд. Зеро ки тачриба надошт. Давлати замони СССР на аъзои комсомол буду на дар корхои чамъияти иштирок мекард. Холо хам аз у мутахассиси хубу рохбари тавоно ва ичрогару ичрокунандаи ягон масъалаву дархостхо намебарояд. Акнун боз ба танкиду эрод ва ошкорсозии камбудихои дигарон овоз мебарорад. Гиребони худро буй кашед, мулло, акнун аз сиёсат канор истода, шукри давру замонро намоед. Хеч кас хак надорад,ки фаъолияти шуморо манъ ё махкум кунад, лекин хеч кас хам хам нисбати шумо назару олуфтагарии сиёси надорад. Он рузхоро бисёрихо фаромуш накардаанд. Аз ишки мансабу сару савдои вазифаталаби даст кашед. Ё суфиву шайхи чамъият шавед ё хапу хомуш кунчеро узлатнишини кунед. Мо хама бандагони худоем.

Махз зудбовариву камсаводии Давлати Усмон дар соли 1996 ва соли 1997 боис шуданд, ки мухолифини собик фирефтаи хукумати дуруггуи имруза шуданд. Яъне, Эмомали Рахмон махз ана хамин паст будани дониши сиёсии чаноби Усмонро дарк кард ва бо худ гуфт, ки "ана хамин одами мухолифин окибат бояд сари хамаи мухолифинро хурад". Ва хамин тавр шуд. Худи чаноби Усмон дар сухбаташ бо "Миллат" инро тасдик кардааст, ки махз Эмомали Рахмон дар Афгонистон дили уро ёфта, окибат худи Усмон рохбарияти онвактаи мухолифинро рози мекунонад, ки хукумати Рахмон рози аст, ки бо онхо вазифахоро таксим кунад. Окибат таксимот шуду баъд хамаамон дидем, ки мансабдорони 30%-аи мухолифинро чи гуна "подставит" карда, хамаашонро бо хар рох несту нобуд карданд. Худи Усмонро, ки маълумоти олии хукукшиноси дорад, ба вазифаи вазири иктисод монданд, ки тамоман сохаро намефахмид, ва ин нофахмихои уро чаноби Рахмон бахона пеш оварду баъди чанде уро низ аз вазифа барканор кард. Дар хайати рохбарикунандаи мухолифини собик танхо як нафари нисбатан бофахму дорои донишхои сиёси буд, ки уро ном Турачонзода аст. Ин шахс хамон вакт дар чунин шакл сурат гирифтани сулх рози набуд, зеро руирост мегуфт, ки хукумати Рахмон фиреб мекунад ва окибат Нурии чалласаводу Усмони бефахм хамаро ба бод медиханд. Ва тавре аён аст, хамаи мардуми имруза ин пешгуихои Турачонзодаро бо чашми сар мебинанд. Албатта, чаноби Рахмон барои сарчамъии миллат кори зиёд кард, вале парешон кардани точикон хизмати зиёд кардааст. Масалан, тавре худи у гаштаву баргашта мегуяд: кариб 1 миллион гурезаи ичбориро, ки аз тарси худи уву силохбадастони дахмардаву чупону тюремшикаш ба кишвари хамсоя фирор карда буданд, бо кушиши зиёд ба ватан баргардонд, вале баъди муддати дар натичаи сиёсати ноустувори иктисодиву ичтимоии хукумати имруза ин гурезагони як вакт 1 миллион буда, имруз беш аз ду миллион шуда хамааш дар дасти русхо гуломи доранд. Худ хулоса бароред: Хизмати аввалаи ЧО аз ин хизмати кардааш чи тафовут дорад???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)