Бахшҳо
12 июл 2013 13:02Тоҷикистон / Сиёсат

Сафаров: Давлат барои амният ҳаққи бастани масҷидро дорад

Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, дин аз давлат ҷудо, ба он маъно нест, ки давлат ҳаққи дахолат ба фаъолияти масҷидро надорад.

Оқои Сафаров, имрӯз, 12-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, “дар конститутсияи мо навишта шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудоянд. Ин маънои онро дорад, ки ба кори масҷид ва ба ибодати мардум давлат дахолат намекунад. Дар ҳолате, ки масъала, масъалаи иқтисодӣ шуду пулҳои масҷидро нодуруст истифода кунанду масалан пули барқро надиҳанду пули заминро надиҳанд, давлат ҳатман дахолат мекунад, чунки ин масъалаи ибодат нест.”

Дар мавриди бастани масҷидҳо Сафаров гуфт, дар ин ҷо масъалаҳои амниятӣ ҷой дорад: “Барои таъмини амнияти шаҳрвандон давлат натанҳо ҳаққи бастани масҷид, балки ҳамаи ҳақро дорад.”

Дар акси ҳол ба гуфтаи ин таҳлилгар фардо имкон дорад, ҳамаи роҳбароне, ки дар ин давлат ҳастанд, ба хотири таъмин накардани амнияти шаҳрвандон, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҷаноби Сафаров дар масъалаи таъмини муллоҳо бо маош ишора намуда афзуд: “Давлат метавонад ин ё он қишри ҷомеаеро, ки умуман аз вай вобаста нест, маблағгузорӣ кунад. Давлат ин моли ҳама аст, давлат ҳеч гоҳ зидди мардум нест, зидди ягон сохтори дохили давлат нест ва аз ҳеч кадом сохтор ҷудо нест.”

Мӯҳр
Домулло
Суханхои С.Сафаров:"дар конститутсияи мо навишта шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудоянд. Ин маънои онро дорад, ки ба кори масҷид ва ба ибодати мардум давлат дахолат намекунад." Пас барои чи,Хукумат чавонони то хаждахсоларо ба масчид рафтан ва ба чо овардани ибодат ба Худовандро, мамнуъ эълон карда, имомхатибонро Хукумат бо хости худаш ба вазифа таъин мекунад аз амри маъруф ва найъи мункар карданро дар масчидхо манъ кардаанд ё пушидани либоси исломиро барои занони мусалмон,ки амри Правардигори якка ва ягона аст,манъ мекунанд.

Дилшод
О гуфтааст ку давлат ин хамаро барои амният мекунад. Ту ки нофахм хасти хар кадар ки фамонан хам намефахми. Чунки бефахми! Ин муллохоро ихтиер ба худ мони дар болои сарт мебароянд Агар даркор шава занта аз ба чои ту талок медиханд. Амри маъруфхои мо ба чои сулху дусти одамонро ба хамдигар бадбинию чудои оварда расондааст. Кадом муллои мо гуфтааст, ки террорист кофиру беномус аст. Харгиз намегуянд! Чунин муллохо аз буданшон набуданшон бехтар аст! Ислом ба муллохои чиходники точик ниёз надорад!

Чаноби Сафаров бо ин фиребу хилаву найранг давлатро токучо мебаретон агар шумо дилсузи ватан бошетон бароичи ба мактабхо донишгохо назар намекунетон 80 фоизи чавонхо бесаводмондан хатмкардаи синфи 11 ро муалим мемонанд оянда хукуматро бадасти ки месупоред масчид ба пешрафти чамият чи зарар овардаст

Фақир
Дилшод бародар то ба кай лагандбардори мекуни. Вакте мегуи "Чунин муллохо аз буданшон набуданшон бехтар аст!" бояд аввал дони ки чунин одамон муло нестанд балки бадномкунандаи номи муллоҳои гиромиянд. Хуб медони ки хар як банда миранда аст ва чанозаи хамаро хамин мулохои бечора мехонанд, ки имруз бадномашон мекунем. Ман бовар дорам, ки агар таго ваё амакат раиси ин ё он корхона бошад дар рузи маргат корам бисёр гуфта як сари кадам худашро нишон медихаду ба сари кабрат намеравад боз хамин мулохои бечора туро ба хок месупоранд.

Дилшод мо мардум туборин бофахмшам дидем мулошам дидем чи хиенат барои ватан кардан ва карда истодаанд туборин бофахм дар Точикистон зиедшудки точое расидемки точикоро маскара мекунанд зафтрак лепешка чай абед лепешка ужин лепешка чай .Дар якруз дубор ид доран кагда утром сивет гарид и вечером гарид ин маскарахо ба туборин бофахмхо дахлдорад кадом муло зани киро талокдод бигу бифахмем агар дар якруз як муло ба ватан хиенат кунад дах коргари туборин бофахмеки дар давлат кор мекунад хиенат мекунад ман худам шохид будам

Дилшод мо мардум туборин бофахмшам дидем мулошам дидем чи хиенат барои ватан кардан ва карда истодаанд туборин бофахм дар Точикистон зиедшудки точое расидемки точикоро маскара мекунанд зафтрак лепешка чай абед лепешка ужин лепешка чай .Дар якруз дубор ид доран кагда утром сивет гарид и вечером гарид ин маскарахо ба туборин бофахмхо дахлдорад кадом муло зани киро талокдод бигу бифахмем агар дар якруз як муло ба ватан хиенат кунад дах коргари туборин бофахмеки дар давлат кор мекунад хиенат мекунад ман худам шохид будам

м
Зохиран акидахои прогрессивй, вале гараз дигар метобад...

ЯГОНКАС ХАК НАДОРАД ДАРИ ХОНАИ АЛЛОХРО БУБАНДАД!!!

Имруз дари хонаи Худоро ба мардум мебандед, Худованд дари Бихишто бар Шумо мебандад!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)