Назарбоев қудратро ба дасти писараш месупорад?

Ба гуфтаи бархе аз сиёсатшиносони Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури ин кишвар нияти супоридани курсии раёсатро ба писараш дорад, вале давраи интиқолӣ ё худ гузариш ӯро нигарон кардааст.
Роҳат Алиев, раҳбари ҳаракати мухолифи “Алянс” ва собиқ домоди раисиҷумҳури Қазоқистон зимни суҳбат бо торанамои “ca-news” дар мавриди шахси ивазкунандаи Нурсултон Назарбоев ҳарф зада, гуфтааст, Назарбоев мехоҳад, курсии президентиро ба писари якумаш, ки аз ҳамсари сеюми ӯ мебошад, ба мерос гузорад.
Ба гуфтаи Алиев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар мавриди нигоҳ доштани курсии президентӣ то мувофиқ гардидани синну соли писараш ба ду нафар эътимод дорад: “Назарбоев барои нигаҳдории курсии президентӣ ба ду нафар, Дарига Назарбоева духтари бузургаш ва ҷиянаш Нуртай Абукаев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эътимод дорад. Аммо аз ин дар ташвиш мебошад, ки минбаъд ин афрод курсиро ба писараш хоҳанд дод ё, не.”
Раҳбари мухолифи қазоқ мегӯяд, барои Қазоқистон на мардуми ин кишвар, балки Шӯрои хонаводагии Назарбоев раисҷумҳур интихоб мекунанд: “Ин шӯро иборат аз худи Назарбоев, ҳамсари сеюмаш Асел, духтаронаш Дариға, Динора ва Алия, ҷиянҳои ӯ Нуртой Абукаев, Кайрат Назарбоев, Аҳмадҷон Есимов ва Сотиболдӣ Назарбоев, аз шахсиятҳои наздикаш, Тимур Қулибоев, соҳибкори машҳури қазоқ ва Умбетов мебошанд.”
Собиқ домоди раисиҷумҳури Қазоқистон дар посух ба суоли рӯзноманигор, ки агар Назарбоевро ба инобат нагирем, ин Шӯроро кӣ раҳбарӣ мекунад, афзудааст: “Назарбоев дар мавриди таъини кадрҳо худ тасмим мегирад ва одатан ингуна мавридҳо замони истироҳат сурат мегиранд. Вале то ин вақт ӯ бо ду ё се нафар, ки ба онҳо эътимод дораду ба гуфтаҳояшон гӯш медиҳад, маслиҳат мекунад. Қаблан ин афрод иборат аз Абукаев, Дариға, ман ва Қулибоев буд.”
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ Нурсултон Назарбоев дар посух ба суоли хабарнигоре - Оё Шуморо канорагирӣ аз қудрат нигарон мекунад, чунин гуфта буд: “Ҳар як сиёсатшинос ва президент, бахусус барои нафаре, ки солҳои тӯлонӣ ҳукумат меронад, ба ин бояд фикр кунад. Ҳар сиёсатшинос ва президент фикр мекунад, ки корҳояш идома ёфта, барҳадар нараванд. Намунаҳо дар ин маврид хеле зиёданд ва онҳо мавриди баррасӣ мебошанд. Аз ҳама ҳолати вазнин ҳолати тағйир мебошад. Ва доимо дар фикр ҳастӣ, ки он чӣ гуна мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |