9 кӯча дар Душанбе аз нав номгузорӣ шуданд
Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 11-уми июл, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев гузаштааст, 9 кӯчаи пойтахт аз нав номгузорӣ гардиданд.
Тавре маркази матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ дод, дар ин ҷаласа, кӯчаи Плеханови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Зафар Нозимов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик гузошта шуд.
Дар баробари ин, номи дигар кӯчаҳо, аз қабили кӯчаи Свердлови ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Содиқов Мустафо, кӯчаи Будёнийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Махсумов Акбар, кӯчаи Софя Ковалевскаяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи Мухторов Аҳрор, кӯчаи Клара Сеткинаи ноҳияи Сино ба номи Ғаффор Мирзо, кӯчаи Гастеллои ноҳияи Шоҳмансур ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, кӯчаи Котовскийи ноҳияи Сино ба номи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, кӯчаи Володарскийи ноҳияи Шоҳмансур ба номи Ғуломов Минхоҷ ва кӯчаи Титови ноҳияи Шоҳмансур ба номи Корманди хизматнишондодаи нақлиёти Тоҷикистон Мастонгулов Мирзо иваз карда шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи муқаррароти мавҷуда то ҷашни 90- солагии пойтахт табдили номҳои ғайр дар шаҳр асосан ба итмом расонида хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |