Хадамоти муҳоҷират теъдоди дақиқи зан, мард ва кӯдакони муҳоҷирро эълон кард

Дар шаш моҳи соли равон аз Тоҷикистон 571 ҳазору 209 нафар шаҳрванд ба хориҷа сафар намудаанд.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба «Озодагон» иттилоъ доданд, аз нафароне, ки дар ин давра ба хориҷа рафтаанд, 489 ҳазору 472 нафараш мардҳо ва 81 ҳазору 737 нафарро занҳо ташкил медиҳад.
Аз шумораи онҳое, ки дар ин нимсола Тоҷикистонро тарк намудаанд, 480 ҳазору 658 нафараш муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки 84% шумораи умумиро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, аз шумораи нафароне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 429 ҳазору 940 мардҳо ва 50 ҳазору 718 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад: «Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурӯдгоҳҳои ҷумҳурӣ баҳисобгирии рафту омади пурраи шаҳрвандонро тавассути Варақаи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳ мондааст».
Раванди муҳоҷирати меҳнатии ноболиғон низ давоми чанд сол боз дар ҳоли афзоиш ёфтан аст, ки тибқи иттилои расмӣ шумораи ноболиғони тоҷик дар Руси айни ҳол беш аз 30 ҳазорро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки масъулини Хадамоти муҳоҷират борҳо аз афзоиш ёфтани муҳоҷирати ноболиғон ва занҳо изҳори нигаронӣ намудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |