Давлатов дастрас набудани “Сафина”-ро аз моҳвора шарҳ дод
Лутфулло Давлатов, раҳбари телевизиони давлатии “Сафина” таъйид намуд, ки ин шабака дар хориҷи Тоҷикистон дастнорас гардидааст ва сабабашро ба анҷоми муҳлати шартномаи пахши шабака тариқи моҳвора гуфт.
Давлатов таъкид намуд, ки эҳтимол ин мушкил то соли 2015 давом ёбад: “Дар назар аст, ки телевизони Сафина дар соли 2015 пура ба системаи рақамӣ гузарад. Баъд аз ин тариқи моҳвора барномаҳои телевизони Сафина бе ягон мушкилот пахш карда мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки телевизиони Сафина дар хориҷи кишвар, махсусан Русия тамошобинони зиёд доштааст, чун аз Тоҷикистон дар ин кишвар беш аз як миллион муҳоҷири корӣ иқомат доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |