Amnesty International аз шиканҷаи маҳбусон дар Қазоқистон нигаронӣ кард
Amnesty International, созмони бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқ аз он нигаронӣ кардааст, ки дар Қазоқистон ҳанӯз ҳам мавориди зиёди шиканҷаи маҳбусон вуҷуд дорад.
Ба гузориши Би-би-си, Amnesty International гуфтааст, кормандони хадамоти амниятии Қазоқистон шаҳрвандонро бераҳмона зери шиканҷа қарор медиҳанд ва аммо муҷозот намешаванд.
Ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин мақомоти Қазоқистонро барои таҳқиқи шафоф нашудани далелҳои шиканҷаи маҳбусони ҳаводиси соли 2011 дар Жанаозен танқид кардааст.
Бино ба иттилои расида, дар ин қазия 15 нафар аз тири пулис ба ҳалокат расидаанд. Amnesty International аз Нурсултон Назарбоев, райисиҷумҳури Қазоқистон даъват кардааст, барои як таҳқиқоти байналмилалии ин ҳодиса ташаббус нишон диҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |