Ҳайати васеи тими миллии Ҳиндустон барои бозӣ бо яккачини Тоҷикистон эълон шуд
Вим Куверманс, сармураббии тими миллии Ҳиндустон ҳайати васеи дастаашро, ки барои бозии дӯстона бо мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ мебинад, эълон кард.
Торнамои расмии Федератсияи футболи Ҳинд навиштааст, ки мутахассиси ҳоландӣ барои бозӣ бо футболбозони тоҷик 30 бозигар, бо шумули 4 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 15 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро интихоб кардааст. Рӯйхати ниҳойӣ қабл аз вуруди бозигарон ба Тоҷикистон эълон мегардад.
Феҳрасти комили тими миллии Ҳиндустон, ки Вим Куверманс, сармураббии тими миллии ин кишвар интихоб кардааст, ба ин тартиб аст:
Дарвозабонҳо: Субрата Пал («Праяг Юнайтед»), Каранҷит Сингх («Салгаокар»), Сандип Нанди («Чёрчилл Бразерс»), Субхасиш Рой Чоудхури («Демпо»);
Ҳимоятгарон: Дензил Франко («Чёрчилл Бразерс»), Нирмал Четтри («Мохун Баган»), Арнаб Мондал, Раҷу Гаиквад (ҳар ду аз «Ист Бенгал»), Гоураманги Сингх («Праяг Юнайтед»), Сандеш Чхинган («Юнайтед Сикким»), Гурҷиндер Кумар («Пуне»);
Нимҳимоятгарон: Мехтаб Хоссейн, Шило Малсавтлуанга, Лалриндика Ралте (ҳамагӣ аз «Ист Бенгал»), Арата Изуми, Тсеванг Карма (ҳар ду аз «Пуне»), Ленни Родригес («Чёрчилл Бразерс»), Лалкамал Бхоумик, С.К.Винет (ҳар ду аз «Праяг Юнайтед»), Алвин Ҷорҷ («Пэйлайн Эрроуз»), Рафик («Чираг Юнайтед»), Асиф («Юнайтед Сикким»), Ҷуэл Раҷа Шех, Саед Рахим Наби (ҳар ду аз «Мохун Баган»), Фрэнсис Фернандес («Салгаокар»), Клиффорд Миранда («Демпо»).
Ҳамлагарон: Сунил Четри («Чёрчилл Бразерс»), Робин Синг («Ист Бенгал»), Ҷеҷе Лалпехлуа («Пуне»), Доусон Фернандес («Спортинг клуб де Гоа»).
Дидори дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон 14-уми августи соли равон дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.
Аз ин пеш, мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳинд се маротиба бо ҳам бозӣ кардаанд. Нахустин дидор, 13-уми августи соли 2008 дар Ҳайдарободи Ҳиндустон дар чорчуби қисми ниҳойии Ҷоми даъвати АФК сурат гирифт ва мусовӣ: 1:1 анҷом ёфт. Баъди дувоздаҳ рӯз ду даста дар бозии финалии сабқати мазкур вориди рақобат шуданд. Ин навбат ҳиндуҳо бар ивази чор гол, танҳо як туб сар доданд.
Маротибаи сеюм тимҳои миллӣ 9-уми марти соли сипаришуда, ҳамчунин дар даври гуруҳии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар шаҳри Катмандуи Непал бозӣ карданд. Бозӣ 2:0 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.
Дар рейтинги ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 106 ва мунтахаби Ҳиндустон дар ҷои 146-ум қарор доранд.
Акс аз торнамои ФФТ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |