Бахшҳо

Банкирҳои тоҷик: Пули калон дар хона ба ҷони соҳиб хатар дорад

Банкирҳои тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳолатҳое, ки нигоҳ доштани пули калон дар хона боиси марги соҳибхона ва ҳатто як хонавода шудааст.

Низом Турсунов, директори Бонки рушди Тоҷикистон дар Хуҷанд ва собиқ директори «Тоҷиксодиротбонк» зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки чандин бор ба соҳибкорон муроҷиат кардааст, то ҷавоҳироти қиматтноки худро дар бонк нигоҳ доранд. Сабаби муроҷиаташонро шарҳ дод, ки таи солҳои ахир ба соҳибкорон таҳдид бештар гардидааст: «Мо ҳам таи ду соли охир баъди ҳодисаҳое, ки дар вилоят ба вуқуъ пайваст, бо фурӯшандаҳои тилловорӣ муроҷиат намудем, то ин ки тиллоҳояшонро дар хонаашон неву дар бонкҳо нигоҳ доранд. Ин бехатар аст. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пули нақд ва ҷавоҳироти калонро, дар хона нигоҳ намедоранд.»

Турсунов илова намуд, ки барои гузоштани ҷавоҳироти қиматтнок дар ҳамаи ташкилоти қарзӣ шароит муҳайё шудааст ва барои хизматрасонӣ маблағи ночиз гирифта мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран шахсони номаълум ба хонаи Бобоев, як тоҷири суғдӣ ворид гардида, 5 нафар аҳли оилаи ӯро ба қатл расониданд. Тибқи фарзияи кормандони мақомоти қудратӣ сабаби ба хонаи Бобоевҳо ворид шудани қотилон ҷавоҳироти қиматтбаҳои ин оила мебошад, ки дар хона нигоҳдорӣ мешудаанд. Гуфта мешавад, ки ин ашхос ба маблағи наздик бар 30 ҳазор доллари амрикоӣ, ҷавоҳироти марҳумро ба яғмо бурдаанд.
Мӯҳр
ЗАФАР КУРБОНОВ
ОИР БА БОНКХО УМУМАН БОАРИ НЕСТ БАУСУС БОНКХОИ КИШВАРАМОН. ДУВВУМ ИНКИ оиз харом аст. севвум инки пул дар хона боиси хотирчамъ мондани точирон мегардад. чорум инки пулдорон аз пардохти андоз мегурезанд бо ин рох. агар пули калонро дар бонк монанд аввалан инки аноз супоранд дуввум инки ки медонад хабари пулдор будани он аз бонк ишо нагардаду хатар ба чони пулдор набошад. инро ки метонад тахзмин дихад. ана бо ин хотир ба фикри ман пулро мардум дар бонк нигох намедоранд, мардуми пулдор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)