Аз меъдаи ҷасади мурдаи 46- сола ҳудуди 98 бастачаи маводи мухаддир дарёфт гардид.
Тибқи иттилои вазорати умури дохила, майити Ҳусейн Қосимов дар истгоҳи маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд аз сӯи мақомот пайдо шудааст. Гуфта мешавад, ӯ истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳисор, ҷамоати М.Ризо, деҳаи Тӯда буда, айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст.Ҷасад баъди азназаргузаронӣ ба мурдахона супорида шуд. Ҳангоми гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ аз меъдаи Ҳусейн Қосимов 98 бастачаҳо бо маводи мухаддир дарёфт карда шуд. Аз сабаби кафидани 20 бастача ӯ заҳролуд шуда ба ҳалокат расидааст. Мувофиқи маълумотномаи бахши ташхиси криминалистии ШКД аз бастачаҳои дарёфтшуда 310 грамм маводи сахттаъсири «ҳероин» гирифта шуд.{jathumbnail off}
Мӯҳр