Додгоҳ муаллимаро 3500 сомонӣ ҷарима баст
Муаллимае аз шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳукми суд бинобар ишғоли ғайриқонунии қитъаи замин ва бунёди манзил дар ҳаҷми 3 ҳазору 500 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.
Баҳриддин Бозоров, додситони шаҳри Қӯрғонтеппа, бо таъйид аз ин иттилоъ, гуфт, ки Рафоат Нишонбоева, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и шаҳри Қӯрғонтеппа, 969 метри мураббаъ қитъаи замини корами обии хоҷагии “Гулистон”-и ҷамоати “Заргар”-и ноҳияи Бохтарро (ҳоло дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа аст) ғайриқонунӣ ишғол намуда, дар 80 метри мураббаи он худсарона манзили истиқоматӣ сохтааст.
Ба қавли ин манбаъ, прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 2 қонуншикании марбут ба заминро ошкор ва ҳаллу фасл намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |