Исми муддаиёни ҷоизаи «Беҳтарин футболбози Аврупо» эълон шуд
УЕФА, Иттиҳоди Анҷуманҳои футболи Аврупо феҳрасти муддаиёни ҷоизаи «Беҳтарин бозигари Аврупо дар мавсими 2012/13»-ро нашр кард.
Дар торнамои расмии УЕФА исми 10 футболбоз, ки дар пайи райъи журналистони варзишӣ аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Анҷуманҳои футболи Аврупо интихоб гардид, навишта шудааст.
6-уми август сегонаи бозигарон эълон хоҳад шуд. Аз ин миён ғолиб баргузида мешавад. Беҳтарин футболбози Аврупоро 29-уми август ҳангоми қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳо муаррифӣ хоҳанд кард.
Муддаиёни ҷоизаи «Беҳтарин бозигари Аврупо дар мавсими 2012/13» инҳоянд: Томас Мюллер, Франк Рибери, Арен Роббен ва Бастиан Швайнштайгер (ҳар чор аз «Бавария»-и Мюнхен), Криштиану Роналду («Реал»), Лионел Месси («Барселона»), Златан Ибрагимович (ПСЖ), Гарет Бейл («Тоттенхэм»), Роберт Левандовски («Боруссия») ва Робин ван Перси («Манчестер Юнайтед»).
Ҷоизаи «Беҳтарин футболбози Аврупо» соли 2011 таъсис ёфт. Нахустин ҷоизадори он Лионел Месси буд. Соли 2012 ҷоиза ба Андрес Инест дода шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |