Фаъолияти дафтари намояндагии «Толибон» дар Қатар қатъ шуд
Фаъолияти дафтари намояндагии ҳаракати «Толибон» дар Қатар, ки чанде пештар ифтитоҳ шуд, қатъ шудааст. Расонаҳои Афғонистон бо такя ба манобеи худ хабар додаанд, ин тасмим аз сӯйи «Толибон» гирифта шудааст.
Рӯзи душанбе намояндаҳои «Толибон» изҳор доштанд, «онҳо музокироти сулҳро аз замоне қатъ карданд, ки мақомоти Қатар аз назди дарвозаи намояндагии «Толибон» байрақ ва навиштаҷоти «Аморати Исломии Афғонистон»-ро барчид».
Қаблан, намояндаҳои «Толибон» дар изҳороте ба хотири ифтитоҳи намояндагӣ дар Доҳа, пойтахти Қатар изҳори умед карда буданд, ки аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд. Дар он изҳорот перомуни оташбас бо мақомоти расмии Афғонистон ҳарфи хосе набудааст.
Зимнан, райисҷумҳури Афғонистон аз ширкат дар нишасте ба хотири ифтитоҳи намояндагии «Толибон» дар Қатар даст кашид ва ин сабаби танишҳо дар муносиботи Кобулу Вашингтон шуд. Ҳомид Карзай иқдоми Толибон дар самти боз кардани дафтар дар Доҳаро дасиса хонд, "мо ва ҳукумати Амрико дар бораи кушоиши дафтари Толибон дар Қатар созиш доштем. Аммо вақте, ки дафтар боз мешуд, қазия шакли дигар дошт ва тибқи созиши мо набуд. Мо дар баробари ин кор собитқадамона истодем ва бо пуштибонии қавии мардуми Афғонистон ин дасисаро хунсо кардем».
Дар ҳамин ҳол мақомоти Қатар гуфтаанд, дафтари намояндагии «Толибон» дар Қатар мувақкатан кори худро қатъ кардааст, аммо нагуфтаанд, ки он кай дубора ба фаъолият оғоз мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |