Санҷиш дар бозори “Корвон” садҳо тоҷири ғайриқонунӣ ошкор кардааст
Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, аз 14 дарвозаи бозори “Корвон”, танҳо дар дутояш санҷиш гузаронда, беш аз 600 соҳибкори бидуни қайдро ошкор кардааст, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будаанд.
Саидаҳтам Абдуллоев, сардори Раёсати хизматрасонии кумитаи мазкур ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки ин гурӯҳ соҳибкорон, ки бе қайди давлатӣ фаъолият менамуданд, аз дарвозаҳои №1 ва 2-и бозор ошкор шуданд ва дар назар аст, қисматҳои дигари бозор низ аз санҷиш гузаронида шаванд.
Номбурда иброз намуд, ки мақсад аз гузаронидани санҷишҳо, таъмини назорати риояи қонунгузории андоз дар бозорҳо, марказҳои калони тиҷоратӣ, муайян намудани шумораи дақиқи нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, шумораи соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва кормандони кирояи дар онҳо фаъолияткунанда мебошад.
Ба қавли Саидаҳтам Абдуллоев барои ошкор сохтани чунин ҳолатҳо аз ҳисоби кормандони Кумитаи андоз гурӯҳи корӣ ташкил ёфтааст, ки тамоми бозорҳои ҷумҳуриро аз санҷиш хоҳанд гузаронд.
Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар бозори «Корвон» беш аз 10 ҳазор соҳибкор аст, ки тақрибан 3,5-4 ҳазораш дар қайди ин кумита мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |