Набераи президент дар маърази таваҷҷуҳи ВАО
Дар мавриди хонаводаи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, райисиҷумҳури Туркманистон маълумоти хеле кам дастраси расонаҳост. Аммо ахиран телевизионҳои ин кишвар набераи ӯ – Каримгулиро зуд зуд намоиш медиҳанд.
Бори охир набераи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар консерти бошукуҳе, ки Ҷеннифер Лопес, хонандаи маъруфи Ғарб меҳмони аслияш буд, рӯи саҳна баромад. Телевизионҳои давлатӣ ӯро ҳангоми рақси кӯдакон дар болои асп намоиш доданд. Дар наворҳои дигар вай паҳлӯи бобояш истода, дастони ӯро медошт.
Каримгулӣ Бердимуҳаммадов, набераи президенти Туркманистон, ки наздики 12 сол дорад, аз таваҷҷуҳи расонаҳои давлатӣ аз ҳамаи дигар хонаводаи Қурбонгулӣ дида бештар истифода мекунад, -навиштааст ca-news.org.
Каримгулӣ моҳи феврали соли 2012 мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифт. Он замон вай бобояшро дар участкаи интихоботӣ ҳамроҳӣ мекард. Баъди он дар чорабиниҳои сатҳи ҳукуматии Туркманистон зиёд пайдо мешавад. 29-уми июн ҳангоми таҷлили бошукуҳи 56-умин солгарди мавлуди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пианино навохт.
Маълумот дар мавриди хонаводаи Бердумаҳаммадов махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар мавриди Каримгулӣ ҳам иттилои хеле кам дастрас шудааст. Масалан, маълум нест, ки волидони ӯ киҳоянд.
Бино ба иттилои як манбаъ аз сафоратхонаи ИМА дар Ашхобод, ки маълумоти моҳи декабри соли 2009-ро ироа кардааст, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ду духтар ва як писар дорад. Писари ӯ Сердар ном дошта, ихтисоси муносибатҳои байналмиллалиро дар Маскав омухтааст. Соли гузашта дар Вазорати умури хориҷӣ кор мекард, навиштааст ca-news.org.
Гуфта мешавад, духтури бузурги ӯ – Гулҷаҳон ба Ихласгелдӣ Амонов, ки намояндаи Агентии давлатии идора ва истифодаи захоири нафту гази Туркманистон дар Аврупо аст, ба шавҳар баромадааст. Ин ҷуфт як духтар бо номи Айнагозел (соли таваллуд 2009) ва писар Исмоил (2005) доранд.
Духтари дуюми президент соли 2009 дар Париж мезистааст. Шавҳари ӯ сафири Туркманистон дар Фаронса будааст.
Ҳамчунин бино ба иттилои манбаъ, овозаҳое ҳастанд, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов маъшуқаи рустаборе бо номи Марина дорад. Марина дар дармонгоҳи дандонпизишкие, ки қаблан Қурбнгулӣ кор мекард, ҳамшираи шафқат шуда кор мекунад. Гуфта мешавад, вай аз Бердимуҳаммадов як духтари 17-18-солае дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |